Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:43

Ҳамойиши вижа дар бораи Афғонистон ва вазъи он идома дорад.

5 июл 2011, 08:22

Конфронси «Низоъ ва сулҳофарӣ  дар  Афғонистон: вазъ  ва  пешомад» дар Душанбе ифтитоҳ гардида, алъон идома дорад.



Ин мизи мудаввар бо ибтикори  Кумитаи  сулҳ ва  ризоияти  ҷумҳурии  Тоҷикистон,  маркази  таҳқиқи  Афғонистон  ва  минтақа, созмони  «Маркази  техноложии сиёсии  «Полит – Контакт» сурат мепазирад. Бино ба қавли масъулини ин ҳамойиш зимни  нишасти дурӯза  як  қатор  масъалаҳои  муҳими   марбут  ба  ҷиҳатҳои  иҷтимоии ихтилофоти  Афғонистон (тағйирот ва тамоюлҳо), омилҳои   сиёсӣ  ва  хусусияти  онҳо  дар  ихтилофоту  низои  Афғонистон   мавриди  баррасӣ  қарор  мегиранд. Гуфта мешавад, масоили  омилҳои  фарҳангию  инсондӯстӣ  ва  имконияти  тағйир  додани онҳо  ҳамчун  асосҳои  рушди  сулҳофарӣ низ муҳокима  мешаванд.
Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки ба барнома  ду  мавзӯи  муҳим  аз  ҷумлаи  сулҳофарӣ дар  ҷумҳурии  исломии  Афғонистон, ҷустуҷӯи роҳҳои  нав  ва  омилҳои  байналмилалӣ  дар  низоъ  ва  сулҳофарӣ  дар  сарзамини  Афғонистон: ҳамсояҳо,  ИМА, Аврупо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ» низ  дохил карда шудааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!