Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:56

Гул Шералӣ ҳамкориро бо туркманҳо дар бахши газ баррасӣ кардааст

15 март 2013, 10:56

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар пасманзари қатъи интиқоли газ аз Узбакистон бо масъулини нафту гази Туркманистон мулоқот намуда, густариши ҳамкорӣ дар ин бахшро ба миён гузоштааст.

Тавре аз Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Гул Шералӣ рўзҳои 13 – 14 марти соли 2013 дар конфронси байналмилалии «Нафту гази Туркманистон», дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуда, бо М. Халилов, вазири саноати нафту газ ва захираҳои табиии Туркманистон, К. Абдуллоев, Раиси корхонаи давлатии «Туркменгаз», А. Деряев – раиси корхонаи «Туркменнафт» масоили ҳамкорӣ дар бахши нафту газро баррасӣ намудааст.

Ҳамчунин вазири тоҷик ба масъулини нафту гази Амороти Араб мулоқот намуда, ҷалби сармоягузорӣ дар корҳои ҷустуҷўӣ – иктишофӣ ва истихроҷи конҳои нафту гази Тоҷикистонро ба миён гузоштааст.

Ин талошҳои Гул Шералӣ дар ҳолеянд, ки Узбакистон аз аввали соли равон интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ намуда, боиси аз кор мондани калонтарин корхонаи сементбарорӣ, “Тоҷиксемент” ва коҳиши иқтидори корхонаҳои бузурги дигари Тоҷикистон гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!