Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:16

Танкҳои Узбакистон аз Тоҷикистон 10 ва ҳавопаймоҳояш 60 баробар бештаранд

15 март 2013, 15:53

Марат Шибутов ва Расул Жумалӣ, ду сиёсатшиноси қазоқ мегӯянд, шарикии Узбакистону Амрикоро ба амнияти минтақа "таҳдид" донистаанд. Александр Собянин, раиси Анҷумани ҳамкориҳои наздимарзӣ, низ дар суҳбат бо хабаргузории Tengrinews.kz. гуфтааст, Узбакистон талош дорад, ба абарқудрати низомию иқтисодии минтақа табдил ёбад ва ин ба он маъност, ки ҳаёти осоишта барои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба анҷом расид.

Марат Шибутов, сиёсатшиноси қазоқ, дар суҳбат бо хабаргузории “СА-News” бо тасдиқи ин изҳороти Собянин афзудааст, Амрико баъд аз берун шудан аз Афғонистон дар соли 2014 қисми зиёди аслиҳаашро дар Узбакистон хоҳад гузошт: “Баробари ин, он ислоҳоти иқтисодие, ки Узбакистон мегузаронад, ба наздикӣ ин кишварро бе татбиқи зӯри низомӣ, ба фармонравои минтақа табдил медиҳад.”

Ин сиёсатшиноси қазоқ таъкид кардааст, ки ин ҳама нерӯмандиҳои Узбакистон пеш аз ҳама на ба Қазоқистон, балки барои ҳалли баҳсҳояш бо Тоҷикистон ва Қирғизистон равона хоҳанд шуд. Расул Жумалӣ, сиёсатшиноси дигари қазоқ, низ бо ишора ба мусаллаҳшавии Узбакистон изҳороти раисиҷумҳури ин кишвар, Ислом Каримовро ёдрас кардааст, ки аз сар задани ҷанг барои обу энержӣ дар минтақа ҳушдор дода буд: “Каримов беҳуда ин гапҳоро нагуфта буд. Истифода аз зӯр дар минтақа аз эҳтимол дур нест.”

Ин ҳушдорҳо аз даргирӣ дар минтақа дар ҳолест, ки ба иттилои созмони The Millitary Balance дар соли 2012-ум Тоҷикистон - 20 ҳазор, Узбакистон - 65 ҳазор, Қазоқистон - 109 ҳазор, Қирғизистон - 15 ҳазор ва Туркманистон - 34 ҳазор низомӣ доранд. Ба иттилои ин созмон, Тоҷикистон 3 ҳавопаймои ҷангӣ, Узбакистон 181, Қазоқистон 480, Қирғизистон 96 ва Туркманистон 140 ҳавопаймои ҷангӣ дорад. Теъдоди танкҳои Тоҷикистон – 37 аз Узбакистон – 370, Қазоқистон 1260, Қирғизистон -150 ва Туркманистон 700 адад арзёбӣ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
УЗБАКИСТОН БО ДУМИ ШЕР БОЗИ КАРДА ИСТОДААСТ ФАРОМУШ КАРДААСТ КИ МО ТОЧИКОН ЯК МАРОТИБА ЧАХОНРО ЛАРЗОНДА БУДЕМ ХУДО НАКУНАДУ БА САРИ МОРО ХАВФ НАОВАРАД ВАГАРНА ИНШООЛЛОХ БО ТУРХАЛТА ХАМОН САМОЛЕТХОЯШРО ДАР ХАВО МЕДОРЕМ МОН ТАНКУ ТУПУ ЗИРЕХПУШ ЧАМЪ КАРДАН ГИРАД ОЯНДА ХАМАИ ОНХО БА МО ГАНИМАТ ХОХАНД МОНД ГАП ДАР ЯРОКУ АСЛИХАИ БИСЕР НЕСТ МУХИМАШ РУХИ КАВИ ВА ЧАСОРАТИ ТОЧИКИ АСТ МОРО ХЕЧ КУВВАЕ БА ГАЙР АЗ ХУДОИ ХАК НАМЕТАРСОНАД ХОБХОИ НАГЗ БИНИ УРТОК КАРИМОВИ ОКСАКОЛ ФИКРИ ОН ТАРАФАТРО КУН
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар ватани мо чанг намешуд (Худо аз он рузхо панох дихад) Давлати мо низ абаркудрат мебуд аз хисоби аслиха! Ва як чизро фаромуш насозед, ки хамаи он танку тупи аз давраи Шурави мондаи корношоям аст!
Посух додан
  • Зара

  • 20 июл 2013 11:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дусад марди чанги бех аз сад хазор
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гуфти амир музафар як ху мегум тошканда мегирем

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!