Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:10

13%-и ҳосили мева то имрӯз ҷамъоварӣ шудааст

5 июл 2011, 10:27

Ҷамъоварӣ  ва  захираи  меваю  ангур дар Тоҷикистон идома дорад.


Тавре аз маркази матбуот ва иттилоти вазорати кишоварзӣ ба   «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ бояд 68 ҳазору 455 тонна мева ва 34 ҳазору 550 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шавад.Бино ба қавли манбаъ, то санаи 4-уми июл  8.764 тонна (13%) мева ва 199 тонна (0,6%) ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли мева 18 ҳазор ва нақшаи истеҳсоли ангур бошад 8.900 тоннаро дар бар мегирад, ки то имрӯз 4.052 тонна (23%) мева ва ба миқдори 199 тонна (2,2%) ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли мева 34 ҳазор ва ангур 19 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Боғдорони ин минтақа бошанд, ҳамагӣ 4.300 тонна мева ҷамъ овардаанду бас. Дар ноҳияҳои тобеи марказ  нақшаи истеҳсоли мева 6.555 тонна ва ангур 6.650 тоннаро дар бар мегирад, ки айни ҳол 412 тонна (6%) мева ҷамъоварӣ карда шудааст.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!