Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:41

Паҳлавонони ҷаҳон барои хотири Раҳимов ба Душанбе меоянд

16 март 2013, 10:12

Рӯзи 6-уми апрел дар толори маҷмааи варзишии кумитаи андоз, воқеъ дар микрорайони 46-уми шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар вазни мутлақ, ба хотири гиромидошти нахустқаҳрамони Ҷаҳон аз Тоҷикистон дар риштаи самбо Саидмуъмин Раҳимов баргузор мегардад.

Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии кишвар ба “Озодагон” иттилоъ дод ба мусобиқаи мазкур варзишгарони кишварҳои Афғонистон, Беларус, Муғулистон, Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҷумҳурии Исломии Эрон даъват гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки Хапаев Арамбий қаҳрамони 3-каратаи ҷаҳон оид ба самбо, Михаил Тихамиров, Владимир Яприсов, Армен Багдасаров ва чанд нафари дигар ба ҳайси меҳмонони фахрӣ,ширкат хоҳанд кард. Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Федератсияи дзюдои кишвар доир мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!