Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:07

Раҳбари узбекони Хатлон "нопадид шуд". Барои ҳамкорӣ бо Зоиров?

18 март 2013, 14:23

Салим Шамсиддинов, ҳуқуқшинос ва раҳбари созмони ҷамъияти узбакони вилояти Хатлон, субҳи 15-уми март аз хона баромада, то ба ҳол барнагаштааст.

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲУСДТ бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки ғайб задани шаҳрванд Салим Шамсиддинов ба ҳамкорӣ бо ӯ марбут буда, эҳтимолан масъулини мақомоти амнияти давлатӣ ӯро ҳоло ба Душанбе интиқол додаанд.

Дар изҳорот омадааст, ки чанде пеш мақомоти амният аз ҳамкории шаҳрванд С. Шамсиддинов бо раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, Раҳматулло Зоиров эрод гирифтаанд. Бино бар маълумоти наздикони С. Шамсиддинов номбурда субҳи 15-уми март барои варзиши пагоҳӣ баромада, то ҳоло бедарак аст. Дар мавриди нопадид шудани шахрванди мазкур шӯъбаи кофтукобии шаҳри Қурғонтепа низ маълумоти дақиқе надорад.

Раҳматулло Зоиров дар изҳороти худ ба унвони ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, вазири умури дохилӣ рамазон Раҳимов ва раҳбари кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтааст, ки С. Шамсиддинов аъзои ҲУСДТ набуда, тибқи сарқонун дар робита ба боздошт шудан ва ё нашудани вай чораҳои ҳуқуқӣ андешида шавад.

Моҳи майи соли гузашта низ Шамсиддинов мавриди латту кӯби афроди номаълум қарор гирифта буд. Шамсиддинов латту кӯбро ба интиқодҳояш аз мақомоти давлатӣ рабт дода буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!