Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:11

Маскав хостааст, созишномаи пойгоҳи 201 дар як моҳ тасвиб шавад

19 март 2013, 10:51

Русия аз Тоҷикистон хостааст, созишнома дар бораи будубоши пойгоҳи низомии 201-умро дар давоми як моҳ ба тасвиб расонад.

Тавре нашрияи “Коммерсант” бо такя ба манобеаш дар мақомоти Русия менависад, Валерий Герасимов, муовини аввали вазири мудофеи ин кишвар ахиран зимни сафараш ба Душанбе хостааст, ки созишнома дар бораи пойгоҳ ҳар чи зудтар тасвиб шавад ва Маскав интизор дорад, ки Душанбе ин корро давоми як моҳи оянда анҷом медиҳад. Ба навиштаи “Коммерсант” Маскав аллакай ду шарти асосии Душанбе, дар мавриди тамдиди ҳузури беқайди муҳоҷирони тоҷик ва лағви боҷи маҳсулоти нафтиро иҷро кард. Баробари ин “Коммерсент” бо такя ба манобеаш дар мақомоти Русия иттилоъ медиҳад, ки акнун Душанбе аз Маскав хостааст, дар бораи сармоягузории бештар ба гидроэнергетика ва таҷҳизонидани артиши Тоҷикистон созишнома имзо шавад. Аммо Маскав изҳор доштааст, ки ба ивази пойгоҳи 201-ум ба ин гузаштҳо моил нест.

Созишнома дар бораи будубоши 30-солаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардид, то ҳол аз ҷониби парлумони ин кишварҳо тасвиб нашудааст. Ахиран Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-ум аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ки ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Русия охирҳои моҳи феврал созишнома дар бораи пойгоҳи 201-умро тасдиқ намуда, ба Владимир Путин пешниҳод кард, то барои тасвиб ба парлумон ирсол намояд. Аммо мақомоти тоҷик то ҳол аз ирсоли ин созишнома ба парлумон хабар надодаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!