Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:51

Мусобиқа: Кӣ дар таъриф тавонотар аст?

20 март 2013, 05:59

Абдулазизи ВОСЕЪ

Осорхонаи миллии Тоҷикистон имтиҳони азимеро пушти сар хоҳад кард. Агар деворҳои он зарби қарсакҳои пай дар пай ва марғуладори зиёиёни тоҷикро бардошт кард, пас ба шаҳрвандони сохтмончии чиноӣ метавон баҳои баланд дод.

Имрӯз, 20-уми март Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бори дигар бо зиёиёни кишвар мулоқот мекунад. Ин дидор дар бинои нави Осорхонаи миллӣ баргузор мешавад. Бо эҳтимоли зиёд қисмати аслии суханронии президент ҳам дар мавриди осорхона бошад. Зимнан, телевизионҳои давлатӣ низ аз фурсат истифода карда, чанд рӯзи дигар тавсифи ин мулоқоту бинои осорхонаро хоҳанд кард. Хело ҷолиб аст, тамошо кардан, ки зиёиёни дар вохӯрӣ ширкатдошта вақти зиёдро ҳини суҳбат бо ин телевизионҳо ба суханҳои олии президент сарф мекунанд ё ба тавсифи осорхона? (воқеан, он чӣ ки дар атрофии осорхона ва дохили он аст барои якмоҳа лавҳаҳои телевизион басанда хоҳад буд).

Бо вуҷуд, гумон аст, вохӯрии президент бо зиёиён аз мулоқоти қабл тафовути зиёде дошта бошад. Умуман ба ҷуз аз санаҳои баргузорӣ, ки гоҳе 19, гоҳе 18 ва гоҳе 20-уми мартанд, тағйироти чашмрасеро наметавон мушоҳида кард. Ҳатто мешавад гуфт, расм шуда, ки ин мулоқот дар бинои навбунёд сурат бигирад. Расо як сол қабл мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён бо ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ оғоз шуд. Шояд соли оянда ин дидор баъд аз буридани лентаи дарвозаи кадом як бинои дигари миллӣ анҷом бигирад.

Дидори раисиҷумҳур бо зиёиён чанд сол аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин миён танҳо мулоқот бо журналистон анъана нашуд. Аслан чунин дидор ҳеч гоҳе иттифоқ наафтодааст, ки анъана шавад (суханронии расмӣ дар ҷашни 100 солагии матбуотро ба ҳисоб намегирем). Эмомалӣ Раҳмон аз замони дар курсии президентӣ нишастанаш ҳамагӣ як маротиба бо журналистони тоҷик мулоқоти рӯ ба рӯ дошт. Аммо ба он ҳам, ки 7-уми декабри соли 2009 баъди 17 соли райисҷумҳурии вай сурат пазируфт, танҳо журналистон даъват нашуда буданд. Дар ин мулоқот, ки бештар ба масоили НБО-и «Роғун» бахшида шуда буд, ба ҷуз аз рӯзноманигорон, шоирону нависанда ва дигар намояндаҳои аҳли эҷод ширкат доштанд. Шояд агар мавзӯи аслии ин суҳбат-Бухорову Самарқанд аз деворҳои Кумитаи радио ва телевизион (ҷои мулоқот) ба расонаҳои хориҷӣ намерехт, журналистҳо низ ҳамасола интизори мулоқот бо президент буданд, мулоқоте назири вохурӣ бо зиёиён не, ки райисҷумҳур сухан намояд ва аҳли толор дурру дароз каф бикубанд. Балки дидоре мисли як нишасти матбуотӣ, ки иштирокчиён озодона ба нафари №1-и ҷумҳурӣ суол бидиҳанд…

Хуб, баргардем ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён. Соли 2011 ин вохӯрӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат пазируфт. Мисли мулоқотҳои аз он пешу аз он баъд президент зиёдтар аз ҳамдигарфаҳмиву суббот, оштии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои гузаштаҳо гуфт. Дар чанд мулоқот президент ҳамеша таъкид мекунад, ки набояд бегонапараст буд ва ба фарҳанги бегона майл кард. Имсол низ фикр кунам истисно нахоҳад буд.

Гуфта мешавад, президент дар мулоқоти имсол дар мавриди тадбиқи сиёсати фарҳангии кишвар бештар суҳбат хоҳад кард. Он гуна, ки раисиҷумҳур соли гузашта ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзро фоли нек арзёбӣ намуд ва аз зиёиён даъват кард, то ҷавононро ба китобхонӣ ва донишандӯзӣ ташвиқ намоянд, имсол ҳам таъкид хоҳад кард, то насли ҷавон бояд дар руҳияи арҷгузорӣ ва шинохти дурусти гузаштаҳо тарбият шавад, ки омадан ба осорхонаҳо дар ин замина қадами муассир аст. Баъд аз мулоқоти як соли пеш аксари мусоҳибони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ҳарфҳои президент мегуфтанд, ки Китобхонаи миллӣ барои ба китобу дониш рӯй овардани ҷавонон кӯмак мерасонад. Имсол ҳам ҳам хоҳанд гуфт, ки осорхона беҳтарин неъмат барои насли ҷавон аст.

Президент дар мулоқоти соли 2012 зиёиёнро ҳимояткунандаҳои анъана ва суннатҳои миллии кишвар унвон намуда, афзуд, ки онҳоро дар амри ҷилавгирӣ аз вуруди урфу одатҳои бегона, ки ба руҳияи миллӣ созгор нестанд, масъул шумурд. Имсол ҳам ин мавзӯъ ҳатман мавриди назар хоҳад буд, зеро ахиран домани ин мавзӯъ паҳнтар шудааст. Дар ин вохӯрӣ ҳатман аз мактабу маориф, интизому тарбия, коҳиши нашъамандӣ, масоили мазҳабӣ сухан хоҳад рафт.

Раисиҷумҳур дар мулоқоти Китобхонаи миллӣ сардии ҳаво ва мушкили бебарқии мардумро ҳам баён кард ва онҳоро ба сабру таҳаммул даъват намуда изҳор дошт, ки дар ду-се соли ахир ин мушкилотро дар якҷоягӣ бартараф мекунанд. Дар дидори Осорхонаи миллӣ низ шояд ба ин мавзӯъ дахл мешавад бо иловаи он ки имсол мардум зиёдтар барқ гирифтанду лимит барвақтар барҳам зада шуд ва дар ду се соли дигар ин мушкил пурра рафъ мегардад.

Соли сипаришуда дар мулоқот бо зиёиён суолу ҷавоб сурат нагирифт. Бо ишора ба ин баъзе сиёсатмадорони кишвар гуфтанд, ки бояд унвони ин воҳурӣ на мулоқот бо зиёиён, балки суханронии президент дар ҳузури зиёиён номгузорӣ шавад. Аммо имкон дорад, имсол чунин нашавад. Президент шояд як қисмати вақтро дар ихтиёри иштирокдорон мегузорад. Аммо ҷои шак нест, ки ин фурсатро зиёиён на бо пешниҳодҳои ноб, балки бо таърифу тавсиф, шеъру ғазал ва ситоишҳои қолабӣ масраф хоҳанд кард. Мусобиқаи таърифу тавсиф ба ављ хоњад расид. Ва дигарон дуру дарозу баланд каф хоҳанд куфт.
Дуруст гуфтам?!

P.S. Хабаргузории «Озодагон» дар назарсанҷие аз хонандаҳои сомона мепурсад, ки аз мулоқоти президент бо зиёиён чиро интизоранд. То замони навиштани ин матлаб аксари назардодаҳо (50%) изҳор доштаанд, ки «Аслан чизеро интизор нестам». Танҳо 8 дар сад гуфтаанд, «Ба мушкили ҷомеа таваҷҷуҳ мешавад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мохи августи соли 2009-Эмомали Рахмон ба нохияи АЧоми омад.Дар маркази нохия чунон хам фарру кар сар шуд,ки замин хайрон монд.Дар умрам хамин кадар ташвишу тарраддуди хизматчиёни милисаи нохияро дидам.Аз кучое кариб сад нафар шиму костюпушхои айнаксиёху муйхои сарашон "канатка" задагиро дидам.Вохури дар маркази боги истирохативу мадании нохия сурат гирифт.Барои наздик шудан ба дидори "аълохазрати чаноби оли",бояд,ки "пропуск" дошта боши.Яъне,ки раисони шурохои чамоату раисони фархундаи дехахо.одамони дилхохи худро дар гирди худ чамъ оварда аз "КПП"-хо мегузарониданд.Масалан аз дехаи "Курултой"-и нохия "актиф" и кухансолтарини нохия,собик аъзои КПСС,холо хочи раисбобои дехаи номбурда Мирхохуча Абдуллоев,тамоми хайати чамоати "Иттифок"ро рохбари мекард.Вай хамеша таъкид мекунад,ки фарзандони мардум.бояд дар сафи КМ и Точикистон хизмати харби кунанд.Лекин аз чор писараш,ягонтоаш дар сафхои КМ и шурави ва Точикистон хизмат накардааст.Дигарон аз дидори раиси чумхур хело дур меистоданд.Ана акнун таърифу тантана сар шуд.Риштаи таърифро асосан собик муаллимони забону адабиёти точик.ки имрузхо дар курсии мансаби гайри педагоги хастанд огоз кардандСобик муаллим Сайфиддин Али,раиси шахраки марказ хело хам баромади оташин кард.Баъд дигар раис-муаллимхо,Хосият Неъматова,Саидмахмахмад Султонов ва як чанд "устодон" ба минбар баромаданд.Албатта аз наттоки,"комиссари кухансоли ба ватан содик" хочи-раис Мирхохуча Абдуллоеви 70-сола хам кафо намонд.Хол он ки,касе имкон пайдо накард,ба "аълохазрат" расонад,ки хамин хочи бобои "сурх",дузди молу маводи ёрии башардустонаи ООН аст.Вакте ки аз чониби намояндагони ООН,ёрии маводиву озукавори ба деха мерасид,"хочикомиссар" онхоро ба ягмо мебурд.Таърифгари дигар,собик агрономи Хизматнишондодаи Точикистон,нафакахур,сокини дехаи ба номи Крылов Бегичон-ака Буров буд.Буров,хамчун,собик рохбари шурави.Рахмонро яку якбора,падари тамоми миллатхои форсизабони дунё ва президенти тамоми точикони сайёра номид.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!