Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:57

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ҳалкунанда (Видео)

22 март 2013, 09:16

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AФК-2014 аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд.

Ин бозӣ барои ҳар ду даста ҳалкунанда буда, рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови Бишкек баргузор гардид. Голи ягонаи дидорро Девид Тетте, бозигари дастаи Қирғизистон дар дақиқаи 42-юми сабқат вориди дарвозаи футболбозони тоҷик намуд ва дар натиҷа мунтахаби Қирғизистон барои ширкат ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Ҳамин тариқ дар ҷадвали гурӯҳи “В” дастаҳои Қирғизистон бо 9 имтиёзӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бошад бо 6 имтиёз мақоми дуюмро касб кард. Дастаи Покистон бо се имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шуд, дастаи Макао бошад бидуни имтиёз дар ҷойи чорум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 рӯзи, 17-уми март, дар бозии аввалинаш дар Бишкек бар мунтахаби Покистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Рӯзи 19-уми март бошад дар бозии дуюмаш мунтахаби Макаоро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!