Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:12

«Мо омадем, то сатҳи табобатро дар Тоҷикистон боло бубарем»

22 март 2013, 12:49

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд намояндагии Бемористони ибни Сино ифтитоҳ шуд.

-Мо бо муассисони бемористон, ки аз ҷумҳурии исломии Эрон ҳастанд, маслиҳат кардем, баъдан як бинои нав месозанд. Барои он ки ин ҷо барои гузаронидани ҷарроҳӣ шароит нест. Танҳо барои ташхис хуб аст,- гуфт Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва афзуд, ки ҳадафи бо эрониҳо кор карданашон ин аст, ки «он таҷҳизотҳое, ки дар мо нест, онҳо дар оянда дастрас мекунанд. Зарурати аз ҷумҳурӣ берун рафтан намешавад».

Филиали бемористони шаҳри Хуҷанд дар марҳалаи аввал аз се бахш: ташхиси кордиологӣ, урологӣ, амрози занона ё гинекология ва ҳамчунин пизишки умумӣ фаъолияташро оғоз намудааст.
Бинои бемористони мазкур аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар маҷмӯъ, ин намояндагӣ дорои 15 тахти хоб аст. Доктор Ҷавод Шифоӣ, ки як моҳи қабл ба Тоҷикистон омадааст, дар сӯҳбат ба «Озодагон» фарқияти тибби Эрон ва Тоҷикистонро чунин шарҳ дод: «Эрон як кишвари пешрафта аст ва бештар таҷҳизоти замонавӣ ва пизишкони соҳибихтисос дорад. Инҷо як андоза сатҳи табобат поён аст. Мо омадем, то сатҳи табобатро боло бубарем».

Дар филиали бемористони ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд 15 мутахассис ва корманди миёнаи тиббӣ ба кор таъмин гардидаанд. Маоши эшон аз 500 то 2 500 сомонӣ мебошад.
Моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент низ филиали дармонгоҳи мазкур ифтитоҳ гардида буд. Муассисони бемористон мегӯянд, моҳҳои наздик дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Фархор низ намояндагиҳои Бемористони ибни Синоро боз хоҳанд кард.
Бемористони муштараки тоҷикистонию эронии ибни Сино моҳи сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!