Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:50

Дари бастаи супермаркети Омск ба рӯйи муҳоҷирони Осиёи Миёна

22 март 2013, 14:47

Супермаркети мавсум ба «Триумф»-и шаҳри Омски Русия вуруди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин фурӯшгоҳро манъ кардааст,-хабар медиҳад бахши узбакии радиои «Озодӣ».

Манбаъ аз нақли муҳоҷирони узбаки муқими ин шаҳр иттилоъ додааст, ки маъмурияти ин супермаркет ба муҳофизон амр кардааст, ашхоси чеҳраи ғайриславянидоштаро ба фурушгоҳ роҳ надиҳанд. «Ҳоло ҳеч як шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаққи даромадан ба онро надорад»,-хабар додааст як муҳоҷир.

Гуфта мешавад, «Триумф» яке аз бузургтарин фурӯшгоҳи шаҳри Омск буда, далели чунин тасмими роҳбарияти он маълум нест.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То шамол нахезад.дарахт намечунбад.Ин хели вокеахо хам мешаванд.Соли гузашта ба шахри Москва мехмони рафтам.Дар хучрае,ки хешонам ичора гирифта буданд,як шабро руз кардам.Баъд онхо ,ба ман гуфтанд,ки шахрванди Россия хасти,дар магозаи калон борфарор лозим шудааст,онхо шуморо ба кор мегиранд..Ончо рафтем,гуфтанд,ки мо гайриславянхоро ба кор намегирем.Баъд дар наздикии метрои Алексеевка,дохили кафе шуда ,хостем хурок хурем.Кариб 15-дакика нишастем.Пешхизмат пеши мо наомад.Токатамон ток шуд,пеши онхо рафтем,гуфтанд,ки мо ба мардуми гайриславяни хизмат нахохем расонд.Дигар инчо надароед гуфтанд.Дар бисёр дохили супермаркетхо,мухочирони узбеку хам точик,вакти гашту гузор,шишахои пиво ва бакколихои шарбату шириро гирифта пинхони менушанду дар як кунчи магоза онро хаво медиханд.Инро дар магозахои калони шахри Санкт-Петербург хам мушохида кардан мумкин аст.Хизматчиёни хифзи магоза,доимо имконият надоранд,ки ба ин микдор анбухи одамон назорат баранд.Аз афташ.мухочирони осиёги чи номаъкулихое кардаанд,ки хомиёни мухофиз онхор пеши рохашонро мегиранд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!