Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:29

Тоҷикистонро дар сабқати суперҷоми ҷаҳон оид ба самбо се паҳлавон намояндагӣ мекунад

23 март 2013, 11:11

Имрӯз, 23-юми март, дар шаҳри Маскав барои дарёфти ҷоизаи Анатолий Харлампиев, асосгузори гуштии самбо, мусобиқаи байналмилалии Суперҷоми ҷаҳон баргузор мешавад.

Дар ин сабқат, ки ду рӯз идома хоҳад кард, варзишгарони 15 кишвар иштирок мекунанд. Маҳмадшариф Сулаймонов, сармураббии тими мунтахаби самбои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Хушқадам Хисравов (дар вазни 57 кило), Сайфиддин Раҷабов (68) ва Каъбатулло Аминов (62) намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, соли гузашта варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалии суперҷоми ҷаҳонии самбо барои дарёфти ҷоизаи Анатолий Харлампиев бо се медал баргаштанд. Акмалиддин Каримов дар вазни 57 килло ва Комрон Мусофиров дар вазни 82 кило мақоми дуюмро касб карданд. Мустафо Ҳасанов дар вазни 68 кило ҷойи сеюмро соҳиб шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!