Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:50

Масъалаи биноҳои баландошёнаи Душанбе ва хизматрасонӣ дар онҳо матраҳ шуд

6 июл 2011, 06:01

Рушди бозори хизматрасонӣ оид ба идоракунии касбии манзил мавриди баррасии коршиносони соҳа қарор гирифт.



Зимни як нишасти созмонёфта, ки  дар ассотсиятсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон баргузор шуд, як қатор  намояндагони марбут ба ин соҳа, аз қабили масъулини иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, намояндагони ассотсиятсияи мазкур ширкат намуданд. Дар ҳамойиш масъалаи биноҳои баландошёна ва тарзи хизматрасонӣ дар онҳо  ҳамчун объекти пешбурди тиҷорат ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба нигаҳдорӣ, таъмир ва сохтмон, идоракунии комплекси амволи ғайриманқул ба риштаи таҳлил гирифта шуд.
Тавре ба «Озодагон» масъулини ин тарҳ иттилоъ доданд, дар ин нишаст коршиносони иттифоқи истеъмолкунандагон оиди имкониятҳо ва зарфиятҳои тиҷоратӣ дар соҳа, паҳлӯи меъёри ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии пешбурди тиҷорат дар соҳаи идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, маълумотҳои дақиқ пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, дар ин мулоқот қисмҳои 3-юм ва 4-уми китобҳои иттифоқи истеъмолкунадагони Тоҷикистон  «Ислоҳоти идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ», ки бевосита ба тарзҳои нави идоракунӣ ва идоракунии касбии биноҳои бисёрхонагӣ бахшида шудаанд , намоиш ва тақсим карда шудаанд. {jathumbnail off}  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!