Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

Мулоқоти дипломатҳо дар қароргоҳи сафорати ҶТ дар Белгия

6 июл 2011, 06:15

Дар қароргоҳи сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Брюссели шоҳигарии Белгия мулоқоти дипломатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО баргузор шуд.



Зимни ин вохӯрӣ  Рустамҷон Солиев, сафири Тоҷикистон, чун намояндаи кишвари раискунандаи ИДМ, дар бобати омодагии Тоҷикистон барои гузарондани саммити сарони кишварҳои узви ташкилоти мазкур, дар рӯзи 5-уми сентябри соли равон дар Душанбе маълумот дод. Ҳамзамон зимни вохӯрӣ ҷаноби Солиев дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар 20 соли истиқлолияти давлатӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маориф, барномаҳои созандагии кишвар, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ сухан ронда, оид ба натиҷаи сафарҳои расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шӯрои Аврупо ва парлумони Аврупо, кишварҳои Австрия, Герсогии Бузурги Люксембург, Маҷористон ва Бонки сармоягузории Аврупо иттилоъ дод. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа хабар доданд.     {jathumbnail off} 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!