Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:25

Вазири хориҷаи Қазоқистон баъд аз Тошканд ба Душанбе меояд

26 март 2013, 13:35

Интизор меравад, вазири умури хориҷии Қазоқистон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биорад.

Дар ин бора Алтай Ҳабибуллоев, намояндаи расмии хадамоти матбуотии назди президенти ҷумҳурии Қазоқистон, зимни нишасти хабарие, ки рӯзи 26-уми март дар Остона баргузор гардид, хабар додааст.

Бино ба гуфтаи Ҳабибуллоев, Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон пас аз сафари расмии худ ба Узбакистон, қарор аст, рӯзи 28-уми март вориди Душанбе шавад. Номбурда афзуда, ки ин нахустин сафари расмии ҷаноби Идрисов ба Тошканд ва Душанбе ба ҳайси раҳбари сохтори сиёсати хориҷии Қазоқистон ба шумор меравад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!