Чаро аз Роғун дигар намегӯем?
Дар як соли охир ҳарфи Роғун тақрибан аз забонҳо уфтода, танҳо бо ин ё он изҳорот дар ин замина иктифо мешавад. Дар ҳоле ки дар солҳои пеш Роғун як василаи таблиғи кори ҳукумат ва шахсиятҳои алоҳидаи кишвар буд. Хабарнигори “Озодагон” ба се коршинос муроҷиат карда ва сабаби кам гуфтанҳо дар бораи Роғунро пурсид.
Шодӣ ШАБДОЛОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби коммунист:
“Ҳукумат дар мавриди Роғун хомӯш нест. Албатта, бо сиёсати ҳукумат ман дар бештар масоил мухолифам, вале дар масъалаи Роғун ҳукумат хомӯш нест. Ҳоло музокира ҷараён дорад. Ҳукумат хомӯш нест, яъне ҳукумат таслим нашудааст. Агар ҳукумат аз Роғун рӯ гардонад, мардум аз ҳукумат рӯ мегардонад. Чунки мардум охирин кафанпулии худро барои Роғун супориданд. Аз ин хотир, ин ҳукумат вазифадор ҳаст, ки Роғунро бунёд кунад. Ҳозир парлумони Аврупо дастгирӣ мекунад. Мутахассисони амрикоӣ ҳам гуфтанд, ки ин беҳтарин тарҳи эенержӣ аст, на танҳо барои минтақа, ҳатто барои Покистону Афғонистон. Чунки бо нархи бозори ҷаҳонӣ мефурӯшем. Бояд гуфт, новобаста аз хоҳиши дигар кишварҳо мо Роғунро месозем. Агар Русия маблағ ҷудо накунад, дигарон ҷудо мекунанд ва мавқеи Русия кам мешавад дар мо. Албатта, мо аз ҳисоби буҷа наметавонем Роғунро бисозем.”
Қаҳрамон БАҚОЗОДА, созмони тадқиқоти сотсиологии "Зеркало":
“Яке аз сабабҳои дар бораи Роғун кам гуфтан, ба назари ман шояд интизориҳои давлат аз натиҷаҳои таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ бошад. Баъд аз нашри ин натиҷа фаъолият дар масъалаи ҷалби сармоя бештар мешавад. Аз он ҷумла, дар расонаҳои хабарӣ низ маълумоти зиёде пайдо мешавад.”
Бахтиёр ҲАМДАМОВ, сармуҳаррири "Минбари халқ":
“Имрӯз барои Тоҷикистон, "Роғун" гуфтан ва ё атрофи он ҳангома барпо кардан муҳим нест, муҳим ин аст, ки Роғун бисозем. Гумон мекунам, сабаби асосии вақтҳои охир кам Роғун гуфтанҳо ин аст, ки баъзе кишварҳои хамҷавор атрофи ин масъалаи сирф энержӣ ҳангомаҳои сиёсӣ барпо карданд, ин то андозае ба манфиати кор нест ва шояд ҳамин иқдоми чанд моҳи ахир барои мо хуб аст, ки зиёд "Роғун" нагӯему Роғун бисозем. Сари ҳамин масъала ба ин боварам, ки Роғунро ҳатман месозем, новобаста аз он, ки дигарон нисбати бунёди он чӣ андешаи муғризона доранд. Чунки лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун аз ҳар ҷиҳат созгор буда, танҳо ба манфиати Тоҷикистон нест, балки ба манфиати тамоми минтақа аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |