Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:57

Шарти “Тоҷирон” барои созиш бо “ИмрӯзNews” ва Воҳидова

29 март 2013, 10:52

Ширкати “Тоҷирон”, ки айни ҳол бо Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва нашрияи “ИмрӯзNews” баҳси додгоҳӣ дорад, ба шарте барои созиш розӣ шудааст, ки агар журналистон дигар ин қазияро пайгирӣ накунанд.

Файзиниссо Воҳидова, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, мурофиаи пешакии судӣ рӯзи 27-уми март, дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе баргузор гадид. Ба гуфтаи Файзиниссо Воҳидова қозии додгоҳ аз тарафҳо даъват намуд, ки миёни ҳам созиш кунанд: “Ин пешниҳоди додрасро вакили дифои “Тоҷирон” ба шарте қобили қабул гуфтааст, ки агар дигар рӯзномаҳо дар бораи “Тоҷирон” ва ҳамин ҳодиса матолиб нашр накунанд.”

Намояндаи “Тоҷирон” аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки рӯзномаҳои “Нигоҳ”, “Фараж” ва “Азия-Плюс” то имрӯз ҳамин қазияро пайгирӣ намуда, маълумоти марбут ба шаъну шарафи “Тоҷирон”-ро паҳн намуда истодаанд. Дар ҳамин ҳол Воҳидова посух додааст, ки ягон рӯзнома матлабе чоп накардааст, ки ба шаъну эътибори “Тоҷирон” марбут бошад: “Рӯзномаҳо танҳо аз рафти мурофиаи судӣ гузоришҳо чоп кардаанд.”

“Тоҷирон” аз болои Файзиннисо Воҳидова ва ягона рӯзномаи Тоҷикистон, “Имрӯз News” ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз Воҳидова 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Эътирози ширкати “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.

Қаблан Файзиннисо Ваҳидова, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, барои созиш бо ҳеч тараф розӣ намешавад ва дар ин баҳс худро гунаҳкор ҳам намеҳисобад: “Дар рӯзнома ин матлаб дар шакли мусоҳиба чоп шудааст ва ман муаллифи матлаб нестам, балки ҳамчун ҳуқуқшинос ба суолҳо посух ва баҳои ҳуқуқӣ додаам.”

Мурофиаи навбатии қазия 5-уми апрел таъин шуда, дар назар аст, ки зимни он пешниҳоди Воҳидова оиди бебаррасӣ мондани иддаои “Тоҷирон” муҳокима мегардад. Воҳидова муътақид аст, ки даъвои “Тоҷирон” зери тобеияти идоравии Суди Иқтисодӣ набуда, бояд дар додгоҳҳои умумӣ баррасӣ гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Казияи мазкур низ чун казияи Нур Нуров анчом хохад ёфт ва дар охир хатман хак будани рузнома собит мешавад.
Нур Нуров хам даъвои баркарор кардани обру карда буд ва ба хамон шарте ба сулх рози шуд, ки руномахо дигар казияи уро пайгири накунанд. Рузномахо вокеан казияро дигар пайгири накарданд.
Аммо, вале, лекин имруз мебинем ки вокеан обруи Нур Нуров чи тавр баркарор шуд wink

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!