Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

Шурӯи даъвати баҳорӣ ба артиш дар Тоҷикистон

29 март 2013, 18:23

Бо фармони нави раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз ёфтааст, ки аз аввали моҳи апрел то охири моҳи май идома хоҳад дошт.

Ба қавли сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, Фаридун Маҳмадалиев, “бар пояи ин фармон ҷавононе, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд ва инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд.”

Дар ин фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки “Вазорати дифои Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шаванд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва умури дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.”

Ба қавли Фаридун Маҳмадалиев, тибқи фармони президент онҳое, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2013 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб хоҳанд шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • диловар

  • 1 апрел 2013 13:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ма намерам очае хона мерам оча, вакти пулкоркуни шдай москва мерам оча, ай хизмати 2 солашон фойда нестай оча, и хизматшон барои мо дехконон карзай оча, ма намерам очае хона мерам оча , вакти пулкоркуни шдай россия мерам оча, болои бом мебром дара ай кафом махкам кун оча, то ай дасти аблава халос шам оча, салдато ай чавраи кудухурира ранги савзи шдиян оча,баьди хизмат калабеланг шда хона миян оча, ма намерам очае хона мерам оча, вакти пулкоркуни шдай мухочират мерам оча, зан гирифтан даркорай оча, ва гайрахо , озодагон и шеьрома бо чашми шашкатор навистам кадр кун ва чопш кун,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!