Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:03

“Чормағзи пуч”. Ё чаро ваъда медиҳанду вафо намекунанд?

1 апрел 2013, 08:58

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ваъда танҳо василаест, ки ҳар як мансабдор бо истифода аз он метавонад курсии худро ба муддати тӯлонӣ ҳифз намуда, эътимоди мардумро то андозае ба даст орад. Қабл аз баргузории ҳар гуна маъракаҳои муҳим дар Тоҷикистон муддаии курсиҳо ва мансабҳо ба мардум ваъдаҳои зиёд медиҳанд, новобаста аз он, ки аз ӯҳдаи иҷрои он хоҳанд баромад, ё на. Зеро агар аз сад як ваъдаи мансабдорони тоҷик то ҳол иҷро мешуд, вазъи мардуми тоҷик имрӯз қариб ба меъёрҳои байналмиллаӣ баробар мегардид.

Ваъда ва муҳоҷират


Таърих низ гувоҳ аст, ки дар бештар кишварҳои мутамаддин мансабдорон барои ворид шудан ба сиёсат ба ваъда рӯ меоранд. Ваъдаҳо низ дар кишварҳое зиёд садо медиҳад, ки вазъи зиндагии мардумаш дар сатҳи нигаронкунанда боқӣ монда, масъулини ҳукумат манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мардумро таъмин карда наметавонанд. Феълан Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои камбизоат шомил аст. Бино бар иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 39 дарсади аҳолӣ камбизоат буда, коршиносон ба воқеъӣ будани ин рақам шубҳа доранд. Коршиносон низ мегӯянд, ки аз соли 1985 ба ин сӯ вазъи иҷтимоии мардум ба ҷойи боло рафтан, баракс коҳиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки вазъи иҷтимоии мардум дар сатҳи поён қарор дорад, пас табиист, ки дар бештар маврид мансабдорони тоҷик барои беҳтар кардани вазъ ваъдаҳои зиёд медиҳанд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ аввалин ваъдаи ҳукумати Тоҷикистон бунёди давлати озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буд. Пас, метавон хулоса кард, ки бо фароҳам овардани чунин шароит вазъи иҷтимоии мардум бояд дар сатҳи хуб қарор бигирад. Зеро риояи қонун, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ яке аз рукнҳои аслии давлати демократӣ дониста мешавад.

Ҳамин тариқ бо пошхӯрии шӯравӣ ҳукумат мардумро бо шароити беҳтари зиндагӣ таъмин карда натавонист. Анқариб дар як ҳар баромади худ масъулини ниҳодҳои давлатӣ дар мавриди ташкили ҷойҳои корӣ бо ин ё он тарҳҳои энерживу иқтисодӣ ваъда медиҳанд. Вале бо гузашти 22 сол теъдоди муҳоҷироне, ки дар солҳои шӯравӣ шояд ангуштшумор буданд, ҳамакнун ба 2 миллион нафар рақам зада мешавад. Гуфта мешавад, ки ин теъдоди шаҳрвандон ба кишвраҳои хориҷ умдатан барои таъмини рӯзгори хонаводаашон сафар мекунанд. Чунки баъди пошхӯрии иттиҳоди шӯравӣ аксари корхонаҳо дар Тоҷикистон аз фаъолият боз монда, ваъдаҳои ҳукумат барои бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон ба таври бояду шояд иҷро намешавад. Дар ҳамин маврид ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки албатта ҳукумат ва ниҳодҳои давлатӣ барои бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон ваъдаҳо медиҳанд: «Вале дар аксари маврид он ваъдаҳо тавакалӣ ҳастанд. Яъне вақте ҳукумат барои таъсиси корхона ва бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон ваъда медиҳад, умед ба фаъолияти соҳибкорон дорад. Чӣ гуна ҳукумат метавонад ваъдаи худро иҷо намояд, вақте дар кишвар барои фаъолияти соҳибкорон шароит муҳаё нест. Гузашта аз ин шаҳрвандон бояд бо дарназардошти захоири ҳукуматӣ ва давлатӣ бо ҷойи кор таъмин бошанд», мегӯяд Файзиниссо Воҳидова.

Ба гуфтаи номбурда он ҷойҳои корие, ки аз ҷониби ҳукумат ташкил мешаванд, моҳонаи кам дорад. Бо он моҳона коргар худро таъмин карда наметавонад, чӣ расад барои таъмини хонавода. Аз ин хотир шаҳрвандон рӯ ба муҳоҷират меоранд, гуфт хонум Воҳидова.

Ваъда ва фасод


Мушкили дигаре, ки бо рӯзҳои аввали сари қудрат омадани ҳукумати феълӣ ба вуҷуд омад, ин фасод мебошад. Агарчӣ дар кишварҳои хориҷ фасодкорӣ дар сатҳи хеле боло, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва аз ҷониби ашхоси мансабдору сарватманд сурат бигирад, дар Тоҷикистон фасод аз боғчаи кӯдакон, мактаб ва бемористонҳо шурӯъ мешавад. Имрӯзҳо тасаввур кардани он, ки шаҳрвандон оддитарин корҳои худро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бемористон ва ё маориф бидуни ришва анҷом бидиҳанд амалест боварнакарданӣ. Нигаронӣ ва шикояти мардум аз авҷи фасод ҳукуматро водор намуд, то ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин раванд ниҳоди давлатиеро таъсис бидиҳад. Моҳи январи соли 2007 бо таъсиси Оҷонсии мубориза бо фасод ҳукумати кишвар ваъда дод, ки бо ришвадеҳу ришваситон муборизаи беамон хоҳад бурд. Дар натиҷа танҳо омӯзгорон ва табибон боздошт шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон мансабдорон яке аз чеҳраҳои калидии фасод дар Тоҷикистон буда, ниҳоди мазкур ҷуръати мубориза бо онҳоро надорад. Коршиносон мегӯянд, ки агар духтурон ва омӯзгорон ба хотири таъмини рӯзгори худ даст ба фасод бизананд, мансабдорон аз буҷаи давлат ва сармояҳои хориҷӣ барои таъмини зиндагии маишӣ «дуздӣ» мекунанд. Ҳамзамон бо ҷурми ришваситонӣ боздошт гардидани масъулини оҷонсии мубориза бо фасод бойиси нигаронии навбатии мардум гардида, иҷро гардидани ваъдаи ҳукуматро барои решакан кардани фасод зери суол бурд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сабаби дигари авҷи фасод дар сатҳи боло дар авлавият қарор додани маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ ҳангоми таъини мансабдорон мебошад. Таҳлилгари тоҷик Воҳидхони Қосиддин мегӯяд, ки ҳукумат дар мубориза бо фасод замоне муваффақ хоҳад шуд, ки агар худ аз ин маризӣ дар канор бошад.

«Мутааcсифона, ҳукумати мо худаш бо фасод сарукор дорад. Аз ин хотир танҳо бо таъсиси як ниҳод ва ваъда фасодро дар Тоҷикистон аз байн бурдан имконнопазир аст», гуфт Воҳидхони Қосиддин.

Ваъда ва озодии виҷдон


Озодии виҷдон ва масоили мазҳабӣ давоми чанд соли охир яке аз мавзӯоти баҳсбарангез ба ҳисоб меравад. Агарчӣ дин аз давлат ҷудо аст, вале ин ҷузъе аз ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад, ки Сарқонун онро кафолат додааст. Кафолати Сарқонун дар мавриди озодии виҷдон барои мардум низ ҷузъи ваъдае мебошад, ки ниҳодҳои давлатӣ онро бояд риоя намоянд. Аммо дар воқеъият ниҳодҳои давлатӣ озодии виҷдонро дар кишвар ба маротиб маҳдуд кардаанд. Яъне гурӯҳе аз ниҳодҳои давлатӣ ба ҷойи риоя ба кафолати сарқонун ва риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аксариятро пушти дари муасиссаҳои таълимӣ ва корӣ кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки таъмини озодиҳои башарӣ ва демократияву озодии виҷдон яке аз ваъдаҳои аслии ин ҳукумат мебошад. Дар ин робита ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷумла озодии виҷдон ин яке аз ваъдаҳои бавоситаи ҳукумат мебошад. Ба бовари номбурда, дар мавриди риоияи озодии виҷдон масъулини ниҳодҳои давлатӣ ба раисҷумҳур оморҳои бардурӯғ барои худсафедкунӣ пешниҳод мекунанд, ки ин ҳам як навъи ваъдахилофӣ мебошад.

Ваъда ва лимити барқ

Масъалаи таъмини аҳолии кишвар, ба хусус навоҳӣ ва деҳаҳои дурдаст бо барқ яке аз ваъдаҳое мебошад, ки шаҳрвандон ба амалӣ гардидани он бовар надоранд. Гуфта мешавад, ки феълан дар Тоҷикистон шаҳрвандон танҳо дар фасли тобистон аз барқ бархурдор буда, дар фасли сармо дар кишвар мутобиқи реҷа мардум бо барқ таъмин мешаванд. Инҷо мо бештар таваҷҷӯҳ барои таъмини мардум бо равшанӣ мекунем, на гармидиҳӣ. Тасаввур бикунед, ки дар асри 21 аз гармидиҳандаҳои сунъӣ, чароғ ва шамъ истифода кардани мардуми як кишвар ба кадом чорчӯба меғунҷад. Ин ҳам барои мардуми кишваре, ки ҳукуматаш аз доштани 65 дарсади захоири обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сару садо баланд мекунад. Аз соли 2006 ба ин сӯ ҳукумат ваъда медиҳад, ки давоми 2-3 соли дигар лимити барқ дар кишвар аз байн меравад. Агарчӣ барои аз байн бурдани баъзе аз мушкилоти дар боло зикр гардида, масъулини ниҳодҳои давлатӣ дар алоҳидагӣ ваъда доданд, вале барои комилан таъмин кардани мардум бо барқ раисҷумҳур шахсан ваъда додааст. Яке аз ваъдаҳои раисҷумҳур дар солҳои 2006-2009 аз байн бурдани лимити барқ буд. Раисҷумҳур нахуст дар маъракаи интихоботии соли 2006 ва ҳамчунин дар соли 2008 бо оғози таблиғу ташвиқоти бунёди нерӯгоҳи Роғун тавассути шабакаҳои телевизионӣ ваъда кард, ки мушкили таъмини аҳолӣ бо барқ дар зарфи се соли дигар аз байн хоҳад рафт.

Коршиносон мегӯянд, ки ваъдаҳои зиёд ва амалӣ нагардидани он барои ҳар ҳукумате оқибати хуб надорад. Воҳидхони Қосиддин мегӯяд, ки вақте дар қабл ҳукумат ба мардум барои аз байн бурдани лимити барқ ваъда дод, мардум ба ҳукумат эътимод доштанд. Ҳамакнун ин ваъдаҳо ба гӯши мардум мисли афсона садо медиҳанд, ки ин бойиси нигаронӣ аст. Ҳукумат ба мардум дар сатҳҳои мухталиф ваъдаҳои зиёд дод. Ҳоло эътимоди мардум коста шудааст. Агар ҳукумат фавран ба ин масъала бархӯрди дигар накунад, эҳтимолан кор ранги дигар бигирад.

“Косаи сабри мардум оҳиста оҳиста лабрез мешавад. Дар ин сурат аз ҷойе метавонад эътирозе сар бизанад. Агар эътирозе ба вуҷуд ояд, пеши роҳи онро гирифтан мушкил мегардад”, мегӯяд Воҳидхони Қосиддин.

Ваъдаҳое, ҳам ки номбар кардем, ҷузъе аз ваъдаҳои бешумори масъулин буд. Дар асл ваъдаҳои амалӣ нашуда ва лоиҳаҳои номуваффақ ва татбиқнагардидаи ҳукумат зиёд буданд, ки бозгӯяшро ба вақти дигар мегузорем.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!