Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:20

Ифтитоҳи гӯшаи Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

1 апрел 2013, 15:03

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳангии Арабистони Саудӣ ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ифтитоҳи ин гӯша, ки рӯзи 29 март ҷараён гирифт, шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Оли Сауд, муовини авали вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ иштирок кард, ки барои Муколамаи кишварҳои узви Ҳамкориҳои Осиё ба Душанбе омада буд.

Инчунин, дар ин маросим Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг, Маҳмадшо Илолов, президенти Академияи улум, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон ва шоири маъруф Гулрухсори Сафӣ ширкат карданд. Гӯшаи фарҳангии Саудӣ дар ошёнаи чаҳоруми бинои Китобхонаи миллӣ ҷой гирифта, дорои китобҳои мухталиф ба забони арабӣ, маводи фарҳангӣ ва дастгоҳҳои компютерӣ мебошад.

Инчунин, дар назар аст, дар ин гӯша барномаҳои фарҳангӣ ва давраҳои омӯзиши забони арабӣ роҳандозӣ шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Зуҳуриддин

  • 1 апрел 2013 18:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беҳтарин иқдом ин шо оллоҳ ва дар вусъат ёфтани равобити иқтисодию сиёсии ду кишвар иқдоми хубе хоҳад буд.. Оллоҳ тавфиқро насиб гардонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беҳтарин иқдом
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зур ку, аку китобохои салафихоро а китобхонаи милли дастрас кунем? охир саудихо ба гайр аз китоби шайх Суаймину Ибни Боз дигар китоб надоранд-ку аниктараш намехоханд таблиг кунанд)) сиёсати точикистон мисли корди ту тегаро мемонад))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи фоида дорад,барои мо забони араби?Арабхо дар мушкилтарин холатхо миллати моро мадад нарасонданд.Холо хам мадад намерасонанд.Наход,ки хамин як чанд китобу як чанд дона комьютери тухфа кардаи онхо ин кадар боиси ахсанту миннатдорихо шаванд?.Он доимо дар фикри ёфтани фоидаву васеъ кардани доирахои тичорати худ хастанд.Холо хело фикру андеша карда,накшахо мекашанд,ки аз Точикистон барои онхо ягон фоидае хаст ё не? Бинанд,ки аз точикистониёну Точикистон фоидае нест,дигар онро фаромуш месозанд."Муъмин бародари муъмин"?.Не,харгиз,онхо бояд аввал бо рухониёни Точикистон ба мисли Домулло Хикматулло,Эшони Нуриддин вомехурданд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!