Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

Лавров барои гуфтугӯ ба Туркманистон меравад

3 апрел 2013, 15:36

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, фардо 4-уми апрел дар доираи як сафари расмӣ вориди Туркманистон хоҳад шуд.

Тавре расонаҳои русӣ иттилоъ медиҳанд, вазири умури хориҷии Русия зимни ин сафари худ ба Ашқобод бархе аз масоили ҳамкориҳои иқтисодию башардӯстона миёни ин ду кишварро бо ҳамтои туркманаш Рашид Муродов баррасӣ намояд.

Қарор аст, Лавров дар ҳошияи ин сафараш бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, низ дидор намояд.

Дар ин дидор табодули назар бар сари масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ), вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳо миёни вазоратхонаҳои ин ду кишвар сурат бигирад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!