Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:21

Коммунистҳои Тоҷикистон, Ленин ва қонуни фарҳанг

7 май 2011, 09:16

Чунин ба назар мерасад, ки зимни таҳияи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» муаллифон, ки аксарият аъзои ҳизби ҳалқи демократии Тоҷикистон буданд, дархосту пешниҳоди тарафи дигарро  ба назар нагирифтаанд.

6-уми майи соли 2011 зимни баргузории ҷаласаи навбатии МН, раҳбари ҳизби коммунист аз амалӣ нагардидани барномаҳои фарҳангӣ ва муовини раҳбари ҳизби наҳзати исломии Точикистон аз дақиқан дарҷ наёфтани баъзе масоил дар он интиқод намуданд.

Дар бораи фарҳанг ва ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон вакилони мардумӣ зиёд гуфта, пешниҳодҳое ҳам мекунанд, ки ин вазифаи онҳост. Аммо, дар асл тавре ба мушоҳида мерасад, ҷузъе аз он пешниҳодоти мо мавриди амал қарор намегирад, нигаронӣ намуд Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунистии Тоҷикистон зимни баромадаш дар ҷаласаи навбатии МНМО. Номбурда ҳангоми ворид намудани илова ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» гуфт, нигоҳ доштани муҷассамаҳо дар баробари дигар арзишҳои таърихӣ як ҷузъи фарҳанг аст, аммо мақомоти Тоҷикистон ба он аҳамият намедиҳанд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки барои тармим ва нигаҳдории муҷассамаҳои таърихӣ аз ҳисоби буҷаи давлат маблағ ҷудо мешавад. Дар мавриди нигаҳдории муҷассамаи Ленин вазорати фарҳанг бо Шодӣ Шабдолов борҳо гуфтушунид карда, интизор меравад, дар фурсати наздик он аз нав барқарор ва ҳифз карда шавад.

Агар ҳукумати советӣ намебуд…

Шодӣ Шабдолов, мегӯяд, ки аслан мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон президент, ҳукумат ва давлат ҳуқуқи вайрон кардани ҳеч кадом як муҷассамаи таърихиро надоранд.  Ман ҳамчун раҳбари комунистони кишвар дар ду дархости расмиам, аз масъулини Тоҷикистон тақозо намудам то ҳайкалҳои Ленинро дар ҷояш бигузоранд, аммо касе эътибор надод. Дар ин маврид комунистон коре аз дасташон наомад. Чӣ ҳам метавонистем?  Қарорҳо аз ҷониби президент гирифта мешавад, мо зери ин гуна санадҳо имзо намегузорем. Нахуст, ҳангоми тасмими ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди сарнагун кардани муҷассамаи Ленин ба мо гуфтанд, ки дар ҷойи дигар мегузоранд. Вале, дар натиҷа гирифтанд ва дар кадом як таҳхона партофтанд. Ин нодуруст аст. Таърихро набояд инкор кунанд. Агар ҳукумати советӣ ба Тоҷикистон намеомад, мо соҳиби давлат намешудем. Муғулҳо, темуриён ва манғитиҳо ба мо давлат намедоданд ва эҳтимол меравад мо то ҳазор соли дигар соҳиби давлат намешудем, илова намуд Шодӣ Шабдолов.

«Хиёнат» ва даҳяки хисороташ

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили ин ҳизб дар парлумон дар навбати худ аз зикр нагардидани ҷузъиёти фарҳанги динӣ дар қонун «Дар бораи фарҳанг» ва ҳамчунин аз гуфтаҳои Шодӣ Шабдолов нигаронӣ намуд.

-Он дархосте, ки аз ҷониби Шодӣ Шабдолов ба парлумон пешниҳод гардид, танҳо 50 дарсадаш қобили қабул аст. Коммунистон ба мо хидмати бузурге накардаанд. Замоне онҳо вориди сарзамини мо шуданд, аввалин коре, ки анҷом доданд, ин тамоми арзишҳои таърихию фарҳангии моро хароб карда, асарҳои бузурги ниёгони моро оташ заданд. Онҳо он қадар «хиёнат»-е ба мо карданд, ки бо вайрон кардани муҷассамаи Ленин мо ҳатто даҳяки онро иҷро карда наметавонем.  Ин маънои онро надорад, ки мо зидди  нигаҳдории муҷассамаҳои Ленин ҳастем. Ҳамчун як осори таърихӣ ҳайкалҳои Ленинро мо метавонем дар баъзе осорхонаҳо нигоҳ дорем, на дар майдонҳои бузург.

Сафармуроди туркманбошӣ ва Ленину куффор

Шодӣ Шабдолов дар ин маврид мегӯяд, ки аслан мухолифони коммунистҳо ҳамеша муқобили андешаҳои онҳо буданд ва аз ҷониби дигар муҷассамаҳои Ленин низ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: муҷассамаҳои таърихии умумидавлатӣ ва боқимонда барои инъикоси шахсият. Ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов ҳайкалҳои Ленин дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ дар феҳрасти ёдгориҳои таърихии умумидавлатӣ буда, ҳукумат барои нигаҳдории он вазифадор шудааст.

-Дар Осиёи Марказӣ бархе аз гурӯҳҳо бо даъвоҳои беасос, яъне бунёди муҷассамаҳо аз нигоҳи ислом нодуруст ва куффор аст, намегузоштанд, ки мо ба шахсиятҳои бузурги таърихиамон ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон арҷ гузорем. Аз ҳамин хотир дар ҷаҳон аз ҳама дертар дар минтақа, нахустин дар шаҳри Душанбе ҳайкали одам-Ленин сохта шуд. Баъд аз ин гоми Тоҷикистон дигар кишварҳои минтақа барои гузоштани ҳайкал иқдом карданд.

Аммо ба андешаи Сайидумар Ҳусайнӣ вақте муҷассамаҳо аз ҳисоби молиёти мардум бунёд карда мешаванд, пас масъулин вазифадоранд, то мавқеи мардумро дар ин маврид ба назар бигиранд. Зеро, таърих исбот мекунад, ки бо аз байн рафтани сохторҳо муҷассама ва дигар арзишҳои «иҷборӣ»-и онҳо низ аз байн меравад. Нерӯи сари қудрат нишаста, ҳатман баъзе аз тандисҳоро хароб карда ба ҷойи он дигарашро мегузорад, ки дар сурат он ҳама заҳмат ва маблағи мардум ба бод меравад. Ба сифати далел муоивини раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз бунёд ва сарнагун кардани муҷассамаи Сафармурод Ниёзов дар Туркманистон мисол овард. Ба бовари номбурда, боре пешниҳод ҳам шудааст, ки тандисҳои таърихӣ бояд тавре гузошта шаванд, ки ҳатто ҳангоми бекор кардани он давлат хисорот набинад.

-Аз ҳамин хотир беҳтар мебуд агар мо чизеро тандис бикунем, ки ҳам барои мо ва ҳам барои оянда қобили қабул бошад. Мо бояд ба бунёди муҷассамаҳое даст бизанем, ки барои миллат ва фарҳанги тоҷикон бегона набошад, илова намуд Сайидумар Ҳусайнӣ.

Ҳумайрои Бахтиёр



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!