Дар деҳаи Қаратоғ аз ҷониби сафири Амрико дар Тоҷикистон Кен Гросс ва фармондеҳи гвардияи милии Тоҷикистон генерал- майори гвардия, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои бунёди маркази ҳарбии- омӯзишӣ хишти аввали бино гузошташуд.
Бино бар иттилои ҷаноби Раҳмоналӣ масоҳати умумии маркази таълимӣ 200 гектар буда, бунёди лабиринт, толор барои тирпарронӣ, гарнизон, казарма, ошхона ва нуқтаи тиббӣ дар нақша аст. Гуфтанист, тибқи лоиҳа дар маркази мазкур 300 нафар намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон метавонанд таълим бигиранд.
Ҳадаф аз бунёди маркази омўзишии ҳарбиро фармондеҳи гвардияи миллии Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ дар бахшҳои мубориза бар зидди терорризм, қочоқи маводи мухаддир ва одамрабоӣ арзёбӣ намуд. Зимнан, сафири Амрико дар Тоҷикистон Кен Гросс гуфт, бунёди маркази мазкур дар ду давра ба назар гирифта шудааст. Қарор аст, марҳилаи аввали бунёди марказ то ҷашни истиқлол ба маблағи 3,1 млн доллар ва марҳилаи дуввум, охири соли 2012 ба маблағи 10 млн доллар ба назар гирифта шудааст. Дипломати амрикоӣ гуфт, албатта имконият барои тезонидани суръати бунёди маркази мазкур вуҷуд дорад, аммо Вашингтон барои сохтмони марказ ҷавобгў ба меёъри байналмилалӣ ва бо сифати баланд ҳавасманд аст.
Мӯҳр