Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:45

Эътирози беш аз 200 ронанда дар назди сафорати Афғонистон

8 апрел 2013, 12:09

Субҳи имрӯз, 8-уми апрел, ҳудуди 200 ронандаи мошинҳои боркаш дар эътироз ба боло бурдани қиммати “Рудпос” (виза барои убуру мурури мошинҳо) дар назди сафорати Афғонистон дар Душанбе ҷамъ омаданд. Ин гурӯҳ ронандагоне ҳастанд, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз Афғонистон ба Тоҷикистон бор мекашонанд.

Тавре яке аз ронандагони ҷамъомада ба “Озодагон” гуфт, мақсади асоси онҳо поин бурдани қимати “Рупос”, ҳуҷҷате, ки шомили тамоми нархномаҳо, аз ҷумла раводид ё худ виза мебошад, маҳсуб меёбад.

Зеро ба гуфтаи ӯ, агар қимати шашмоҳаи Рупос дар аввал 192 доллари амрикоиро ташкил медод, ҳоло нархи семоҳаи он 540 доллар муқаррар гардидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, масъулони сафорат ронандагони ҷамъомадаро ҷониби Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон равон кардаанд, чун ба гуфтаи онҳо, танҳо вазорат метавонад дар ин маврид ба ронандагон кумак кунанд.

Ронандагон мегӯянд, чанде пештар дар бораи ин мушкили худ ба Вазорати роҳ ё нақлиёти Тоҷикистон ҳам муроҷиат карда, вале то ҳоло посухи мушаххасе дар ин замина дарёфт накардаанд.


Эътирози беш аз 200 ронанда дар назди сафорати Афғонистон

Эътирози беш аз 200 ронанда дар назди сафорати Афғонистон

Эътирози беш аз 200 ронанда дар назди сафорати Афғонистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!