Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:34

Вазири нақлиёт: Эрониҳо “хуб” мегӯянду корро ба дарозо мекашанд

10 апрел 2013, 21:40

Ҳумайрои БАХТИЁР

Парлумони Тоҷикистон рӯзи даҳуми апрел Ёддошти тафоҳуми иловагӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар бораи бозсозии нақби «Истиқлол»-ро ба тасвиб расонд.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, ёддошти мазкур 4-уми сентябри соли 2011 имзо шуда, маблағи умумии он 6 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 3 милион доллар аз ҷониби ширкати «Собир Интернешнл»-и Эрон ҳамчун кумаки билоиваз буда, боқимонда 3 миллион долларро бояд давлати Тоҷикистон ихтисос бидиҳад.

Агар эрониҳо аз «Истиқлол» даст кашанд, мо чиниҳоро даъват мекунем

Ҳангоми муаррифӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон аз он ки иҷрои ин тарҳ ба дарозо мекашад, изҳори нигаронӣ карда ва гуфт, барои бозсозии нақби «Истиқлол» вазорат хостори даъвати ширкати чинӣ буд, чун дар ҳамкорӣ бо онҳо таҷрибаи хуб доштанд. «Вале ҷониби Эрон ба далели сиёсӣ будани ин тарҳ гуфт, ки кор аз ҷониби онҳо оғоз шудаву худашон бояд анҷом бидиҳанд. Зеро тарҳи мазкур ду бор аз ҷониби руасои кишварҳои Тоҷикистон ва Эрон ба тасвиб расидааст. Баъдан Эрон пешниҳод дошт, ки 3 миллион долларро барои бозсозии ин роҳ на қарз, балки кумаки билоиваз медиҳад. Дар ҷавоб ба ин пешниҳод ҳам ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки агар ҳамчун грант 3 миллион доларро ҷониби Эрон ихтисос бидиҳад, пас, барои идомаи ҳамкорӣ дар ин тарҳ омодааст”,-гуфт Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Дар зимн, Шукурҷон Зуҳуров сабаби дар ҷаласа ширкат надоштани намояндаи “Собир Интернешнл”-ро пурсид. Низом Ҳакимов гуфт, қаблан онҳо омодагии худро барои ширкат дар ин ҷаласа эълом карда буданд, аммо чанд воқеаи ғайричашмдошт пеш омадааст. Дар идома Низом Ҳакимов аз шеваи муносибати эрониҳо ба ин лоиҳа нигаронӣ карда гуфт, онҳо ба тамоми пешниҳоди Тоҷикистон “хуб” мегўянду дар асл кори худро идома медиҳанд. Ба гуфтаи вазири нақлиёт эрониҳо бисёр саркашӣ мекунанд ва агар онҳо расман аз ин пружа даст кашанд, ҷониби Тоҷикистон ҳатман довталаби дигар пайдо мекунад.

Бояд зикр намуд, ки баррасии масъалаи мазкур дар парлумон баҳсеро ба вуҷуд овард. Дар робита ба ин масъала вакили парлумон, Низом Қосим иллати аслии ба дарозо кашидани татбиқи ин лоиҳаро пурсид. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, мушкили аслӣ дар ҷараёни шадиди об будааст.

Бояд гуфт, бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кӯмаки молии Эрон оғоз шуда буд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷом корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад.

Роҳҳо пас аз таъмир дар ихтиёри ширкати IRS гузошта мешаванд

Дар робита ба замони анҷоми бозсозии нақби “Истиқлол”, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, мӯҳлати шартнома анҷом ёфта, боз тамдид шудааст. Тибқи иттилоъ, қарор аст, нақби “Истиқлол” дар шакли комил моҳҳои сентябр ба истифода дода шавад. Дар доираи корҳои бозсозӣ эҳтимол меравад, нақби мазкур аз моҳи июн то сентябр баста шавад, зеро ҳаракати автомашинаҳо барои кормандон мушкил эҷод мекунад. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, баъд аз бозсозӣ нақби “Истиқлол” комилан дар ихтиёри ширкати IRS гузошта хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол вакили парлумон, Муҳидин Кабирӣ гуфт, ки чаро роҳҳои мазкурро ширкати IRS танҳо баъд аз таъмир қабул мекунад. Ба гуфтаи Кабирӣ дар сурате ки барои бозсозии роҳ аз ҳисоби буҷаи давлат маблағ ҷудо мешавад, пас, мантиқӣ мебуд агар роҳ дар ихтиёри вазорат бошад: “Шояд ин сиёсатро мо дарк карда наметавонем. Ё ин ки вазорат тавони нигоҳубинии роҳ ва пулҷамъкуниро надорад?”

Дар ҷавоб Низом Ҳакимов гуфт, ки ҳарчанд ҳоло роҳ дар ихтиёри ширкати IRS нест, вале дар баъзе маворид ин ширкат барои тозакунии роҳ ба вазорати нақлиёти Тоҷикистон кумак мекунад.

Ширкати “IRS”, Зуҳуров ва суоли “ноҷо”-и Кабирӣ

Баъд аз посухи Низом Ҳакимов ба пурсиши Муҳиддин Кабирӣ раиси парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, гуфт, суоли мазкур то қисман “ноҷо” буд, чунки ин ширкат танҳо ба пулҷамъкунӣ машғул нест. Ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров то имрўз ширкати IRS ба маблағи чандин милион таҷҳизоти фаннӣ ба Тоҷикистон ворид кардааст, ки он барои нигоҳдории роҳ зарур аст.

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, дар асл тасмим дорад, то намояндаи ширкати IRS-ро ба парлумон барои посух гуфтан ба пурсиши вакилон даъват кунад. Зеро мавҷуд набудани иттилои кофӣ дар мавриди фаъолияти ин ширкат саволҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки онҳо бояд ҳатман ҷавоби худро пайдо кунанд. Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, амалӣ кардани ин тасмим имконпазир буда, он ба манфиати кор аст. “Дар сурати расман муроҷиат кардани МНМО, натанҳо ширкати IRS, балки ҳар ширкати дигар вазифадор мешавад, ки аз фаъолияташ ба вакилони мардумӣ ҳисобот бидиҳад”,-гуфт Кабирӣ.

Маврид ба ёдоварист, ки мутобиқи шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон ширкати IRS роҳҳои самти Душанбе-Хуҷандро танҳо баъди таъмир ба ўҳдаи худ гирифта, қисмҳои хароби роҳ дар ўҳдаи вазорати нақлиёти Тоҷикистон мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сарбаланд

  • 10 апрел 2013 22:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Кабирй! Дар парлумони точик як шахси зинда будаст,киширкати IRS-и садакачамъкунакро мавриди пурсиш карор дод! Мардуми бадбахт ва овораи точик аз паи як буридаи нон дар дорулкуфр(Русия) сарсону саргардонад! Хой падари миллат як аз хоб хезу ба холи миллат назар афкан!!!!!
Посух додан
  • рохрав

  • 11 апрел 2013 22:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман ба ин вакилони гайримардуми гуфтани хастам, ки аввалан хамин ширкати эрони барои чи дар маблаги пешбини шуда ва замони таъйиншуда ин тунелро тамом накарданд?магар ин парл3мони мо хак надошта бошад аз ин ширкат пурсад? Чаноби вазир як бор фикр кунед ки намояндаи ин ширкати ноухдабаро читавр ба вакилони мо беэхтироми карда наомкдаст. магар ин тахкири миллати мо нест? Дуюм ин ширкати пулчинакатон бо кадом асос рохи мардумро он хам пас аз таъмир сохиб шуда пул мечинад. Чаноби Зухуров шумо кадом тачхизотро мегуед? Дар кучо аст он тачхизот? Вакте ващифаи ин ширкат таъмири рох набошад тачхизотро барои чи ворид кардааст? агар саволи Кабири бечо бошад чавоби бачо дихед, кани 8амон тачхизоти гуфтаи шумо кучост? Дар зкмистон хам надидем тачхизоти мегуфтаи ш3моро. Пас як бор шумо мардонавор намояндаи ин ширкатро дават кунед ва бо хабарнигорон рубару кунед. Он вакт м4бинем саволи ночо ва чавоби бачои шумо ва ин пулчинакро.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!