Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:37

Иҷрои нақша дар Мурғоб ва идомаи “облава” дар навоҳии дигар

11 апрел 2013, 09:37

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, давоми 10 рӯзи даъвати наваскарон ба хидмати ҳарбӣ 36 фоизи нақша дар ҷумҳурӣ иҷро шудааст.

Тавре Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 11-уми апрел, дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, айни ҳол нақшаи даъвати наваскарон дар вилояти Суғд 31 дарсад ва Хатлон 41% иҷро гардидааст. Маҳмадалиев афзуд, ки аз навоҳии кишвар аввалин шуда ноҳияҳои Носири Хусрав ва Мурғоб аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Ӯ ҳаҷми иҷрои нақша дар навоҳии тобеи марказро 37% ва дар чор ноҳияи пойтахт 30 дар сад арзёбӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз ҷавонон аз манотиқи гуногуни кишвар мегӯянд, аллакай дар рӯзҳои аввали мавсим мақомот бо усули “облава” ҷалби наваскаронро ба хидмати ҳарбӣ оғоз намудаанд. Аз ҷумла як донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ахиран бо хабаргузории “Озодагон” дар тамос шуда ва гуфт, гурӯҳе аз кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт ӯро “облава” кардаанд. Ӯ, ки худро Шералӣ Нодиров муаррифӣ кард, афзуд, “ҳарчанд донишҷӯ будани худро ба онҳо мефаҳмондам, аммо ба гапҳоям гӯш намедоданд.”

“Ин воқеа дар наздикии БДА (ГАИ), маҳаллаи 33-юми пойтахт, ба амал омад. Онҳо 5 нафар буданд ва маро қапида ба дохили «Тангем» маҷбур савор карданд. Вақте ба ҷонишини деканамон занг заданӣ шудам, маро раҳо карданд. Чунин амал на танҳо бо ман, бо дигар ҷавонҳо низ рух додааст, ки худ шоҳидаш будам»,-афзуд мусоҳиби мо.

Шикояти ин донишҷӯ аз “облава” дар ҳоле садо медиҳад, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон донишҷӯён то замони хатми таҳсил ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ва гузашта аз ин ба таври “облава” ҷалб набояд шаванд.

Дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артиш нашр шуд. Даъвати баҳорӣ аз моҳи апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!