Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Тақозои Ҳизби наҳзати исломӣ аз Шерхон Салимзода

11 апрел 2013, 10:06

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома аз додситони кулл тақозо кардааст, ки нисбат ба кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳисор “чорандешӣ кунад”. Дар ҳоле ки ба иддаои ҲНИТ, кормандони шӯъбаи умури дохилии Ҳисор рӯзи 9-уми апрели соли ҷорӣ монеи вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, бо аъзои ин ҳизб шудаанд.

Дар номаи шикоятии ҲНИТ, ки ба унвони Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, навишта шудааст, омада, ки “кормандони мақомоти умури дохилии ноҳия бо баҳонаи ин ки дар рӯзҳои корӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи доир намудани ҷаласа ё мулоқотро бо аъзои хеш надоранд, монеи баргузории ин мулоқот шуданд.”

Бино ба номаи ҲНИТ, бархе аз кормандони шӯъбаи умури дохилии Ҳисор нисбат ба раиси ин ҳизб ва вакили Маҷлиси Намояндагон таҳдидро низ раво дидаанд. Ин нома бо имзои Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Додситонии кулл равона гардидааст.


Дар акс: Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Макомоти суди,корхои дохила ва прокротура дар мо мустакил нестанд.Дар Хисор полис супориши болоро ичро кард.Додситони кул дар ин масъала очиз аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хазрати ХУДОВАНД чалла чалолуху дар дузах осиёби оташине халк кардааст, ки сархои козиёнеро (судияхо) орд мекунад, ки ба гайри адл кор мекунанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо аз хаводиси Украина наметарсед ки бо ба ин ноадолати даст мезанед. Мо чавонон алакай медонем чи конунист чи гайри конуни. Шерхон агар шумо аз Устод химоя накунед мо мекунем бехтрараш корро ба хуби хал кунед кормандони шуъбаи корхои дохиларо ба чавобгарии конуни кашед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!