Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 май 2017, 06:08

Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон 40 қадам ба пеш гузошт

11 апрел 2013, 16:28

Тими Испания -- қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо оид ба футбол дар рейтинги нави ФИФА аз миёни 209 даста чун пештара дар садри ҷадвал қарор дорад. Олмон дувум ва Аргентина дар зинаи сеюм ҷо гирифтаанд.

Тимҳои Хорватия, Португалия, Колумбия, Инглистон, Итолиё, Ҳолланд ва Эквадор миёни даҳгонаи беҳтаринанд.

Дар миёни тимҳои собиқ кишварҳои Шӯравӣ Русия дар ҷои 11, Украина 37, Узбакистон 66, Белорус 69, Арманистон 90, Гурҷистон 91, Эстония 93, Латвия 110, Литва 111, Тоҷикистон 112, Озарбойҷон 120, Туркманистон 131, Молдова 138, Қирғизистон 142 ва Қазоқистон дар ҷойи 144-ум аст.

Тоҷикистон дар миёни 46 тими Осиё мақоми 13-умро касб кардааст. Дастаҳои- Ҷопон (29), Кореяи Ҷанубӣ (42), Австралия (46), Эрон (56), Узбакистон (66), Урдун (76), Амороти Муттаҳидаи Араб (89), Ироқ (96), Чин (98) ва Қатар (102) ба даҳгонаи беҳтарини Осиё шомил шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Умед

  • 12 апрел 2013 21:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон танхо ба пеш !

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!