Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:56

Назари сокинон: Шумо чанд ҳизби сиёсиро медонед? (ВИДЕО)

12 апрел 2013, 15:06

Шашуми апрел гурӯҳе аз иқтисоддонҳову сиёсатшиносон аз таъсиси ҳизби нави сиёсие бо номи Тоҷикистони нав хабар доданд. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ расман фаъолият дорад ва дар сурати сабтином, Тоҷикистони нав нуҳумин ҳизб хоҳад буд.

Хабарнигори “Озодагон” аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе посухи ин суолро пурсид, ки чанд ҳизби сиёсиро медонанд. Теъдоди хеле ками назардиҳандагон шумораи дақиқи аҳзобро баён карда, номи пурраи онҳоро ба забон оварданд.

Аммо аксарият ё мегуфтанд бо аҳзоб сару коре надоранд ва ё танҳо аз ду ё се ҳизб ном мебурданду тамом. Бештари онҳо дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки ҳизби коммунист, ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва ҳизби наҳзати исломиро медонанд. Қисме аз назардиҳандагон номи ҳизби демократиро ҳам ба забон оварданд, вале дар идомаи сӯҳбат дақиқ шуд, ки онҳо аслан бо баёни номи ҳизби демократ ҲХДТ-ро дар назар доштаанд.

Назари сокинонро дар ин навори видеоӣ бубинед ва назари худро дар пайи ин матлаб бинависед.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!