Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:47

Иёлоти Муттаҳида сармоягузори Тоҷикистонро таҳрим кард

12 апрел 2013, 16:51

Вазорати молияи Амрико нисбати яке аз калонтарин шарикони сармоягузори Тоҷикистон, Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кардааст.

Вазорати молия Занҷониро дар “пулшӯӣ”, яъне қонунӣ гардондани маблағҳое, ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст меоянд, муттаҳам кардааст. Амрико мегӯяд, бо вуҷуди эълони таҳримҳо нисбати фурӯши нафти Эрон, Занҷонӣ барои фурӯшу гирифтани даромад ба ин кишвар мусоидат кардааст.

Дар рӯйхати ширкатҳои Занҷонӣ, ки мавриди таҳрими Амрико қарор гирифтааст, аз ҷумла “Kont Investment Bank”, қароргоҳаш дар Душанбе зикр шудааст. Ин бонк сад дарсади саҳмияҳои «Asian Express Airline»-ро дар ихтиёр дорад, ки соҳиби автовокзали нави Душанбест.

Ин дар ҳолест, ки парлумони Тоҷикистон ахиран бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспрес” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард. Қаблан ҳам парлумон ба ин ширкат сабукиҳоро ироа намуда буд.

Бар пояи қарори ахири парлумон, “Осиё Экспресс” бе пардохти 7 миллион сомонии боҷи гумрукию андоз ба Тоҷикистон 40 сабукрави "Тойота кемри" ва 20 автобусро ворид мекунад.

Зимни баррасии ин қарор дар парлумон Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон аз Руҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи кишвар, ки ин қарорро муаррифӣ мекард, пурсид, ба чӣ далеле ҳукумат ва парлумон бояд ба “Осиё Экспресс” ин имтиёзҳоро ироа кунад? Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи мушоҳидаҳо хизматрасонии ширкати мазкур ба маротиб гаронтар аст: “Ҷое, ки бо 3 сомонӣ мерафтем, таксиҳои “Осиё Эскпрес” ба ивази 25 сомонӣ мебаранд. Пас, суоле ба вуҷуд меояд, чаро ба чунин ширкатҳое, ки ба мардум ба ҷои сабукӣ вазнинӣ меоранд, имтиёз медиҳем?”

Руҳулло Ҳакимов дар ҷавоб ба Шабдолов изҳор дошт, ҳадафи аслӣ аз ироаи чунин имтиёзҳо дастгирии соҳибкорон ташкили ҷои кор ва чалби сармоягузорӣ мебошад. Расонаҳои хориҷӣ менависанд, Бобак Занҷонӣ дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон пуштибонҳои қавӣ дорад ва ироаи имтиёзҳоро ба ширкатҳояш дар Тоҷикистон ба ин омил рабт медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслан мо точикон саводи кофии иктисодиро намедонем! Худкуши бегонапарастем!!! Ба ивази додани имтиез ба сохибкорони ватани, балегуи мекунем ба онхое ки якбораги бо пули калон меоянд гарчанде ки тахлили бароварди ин харч (Окупаемость) мавриди омузиш карор дода нашудааст. Агар ба ин таксихои сесума имтиез аз лицензия ва нархи муайяни патентро чори кунанд, бовар дорам хар моха на кам аз миллион сомони ба буча ворид мегашт!!!! recourse

Аслан мо точикон саводи кофии иктисодиро намедонем! Худкуши бегонапарастем!!! Ба ивази додани имтиез ба сохибкорони ватани, балегуи мекунем ба онхое ки якбораги бо пули калон меоянд гарчанде ки тахлили бароварди ин харч (Окупаемость) мавриди омузиш карор дода нашудааст. Агар ба ин таксихои сесума имтиез аз лицензия ва нархи муайяни патентро чори кунанд, бовар дорам хар моха на кам аз миллион сомони ба буча ворид мегашт!!!! recourse

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!