Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:06

Дархост аз раисиҷумҳур барои ҳимоя аз беморони рӯҳӣ

16 апрел 2013, 08:49

Номаи боз ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби президент! Банда дар давраи фаъолиятам дар Барномаи ҷаҳонии ғизо дар вилояти Хатлон барои муайян кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, дар кадом зина қарор доштани таъминоти озуқавории онҳо дар зиёда аз 25 000 хонавода таҳлили иқтисодӣ гузаронидам. Яъне, муайян намудам, ки маҷмӯи сабади истеъмолии онҳо ба даромади якмоҳаашон то кадом андоза ҷавобгӯ аст.

Дар натиҷаи ин таҳлилҳо ошкор намудам, хонаводаҳое, ки дар онҳо бемориҳои рӯҳӣ ҳастанд, дар бадтарин вазъ қарор доранд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар оилае, ки як нафар узви он гирифтори бемории рӯҳӣ мебошад, ҳама нороҳатанд, зиндагониашон басо талху ногувор аст, ҳама аҳли хонавода гӯиё аз хушиҳои рӯзгор маҳруманд.

Ман ба дигарон ва шахсан ба Шумо дурӯғ гуфтанро ба худам бешарафӣ меҳисобам. Беморони касалии рӯҳӣ аз хона фирор мекунанд, аҳли оила ба ҷустуҷӯи онҳо сарсону саргардонанд. Ҳамеша дар хавотиранд, ки ягон амали ношоиста аз тарафи онхо рух надиҳад. Нафақапулии чунин беморон хеле ночиз аст ва бо ин нафақа харидани доруҳои зарурӣ ғайриимкон мебошад. Бояд гуфт, доруҳои маризони рӯҳӣ нисбат ба дигар доруҳои муқаррарӣ 70-80 дарсад гарон аст.

Пеш аз навиштани ин сатрҳо сӯҳбате доштам бо собиқ сардухтури беморхонаи маризони рӯҳии вилояти Хатлон, ягона номзади илми тиб оид ба касалиҳои рӯҳӣ Алиҷон Назаров. Ӯ мегӯяд, ки шумораи ин бемориҳо дар вилоят ба 13 хазор нафар мерасад ва рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Илми тибби муосир то ҳоло наметавонистааст, сабабҳои пайдоиши ин бемориро саҳеҳ муайян намояд ва барои пурра табобат кардани он қодир ҳам нест. Ҳар гоҳ чунин маризонро мебинам, аз чеҳраи лоғар, табъи нохуши онҳо аён мегардад, ки ин бечораҳо аз истеъмоли доруҳои лозимӣ ва ғизоҳои комилу ҷавобгӯ ба сабади истеъмолӣ бенасибанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои таъмин намудани сабади истеъмолӣ ба нархҳои имрӯзаи бозор ба як нафар на камтар аз 450-500 сомонӣ маблағ лозим аст. Онҳое, ки гирифтори бемории рӯҳианд, 90-95 дарсад дар оилаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд. Беморони касалии рӯҳӣ аз мӯҳтоҷон дида мӯҳтоҷтаранд.

Бузургон мегӯянд, ки дасти мадад дароз кардан ва шод гардондани беморон баробари Ҳаҷҷи акбар аст. Шумо борҳо иброз доштаед, ки намегузоред ягон шахси мӯҳтоҷ хор гардад. Аз Шумо хоҳиш мекунам, лоақал ба нафақаи ночизи ин қишри аҳолӣ ҳар моҳе 200-250 сомонӣ зам карда шавад. Ин маблағ барои харидани доруҳои онҳо як андоза басанда хоҳад буд. Кушодани дорухонаҳои давлатӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб мушкили касалиҳои рӯҳиро хеле осон хоҳад кард, зеро мақсади ниҳоии дорухонаҳои шахсӣ танҳо ба даст овардани фоида мебошад, на чизи дигар.

Аз Шумо хоҳиш мекунам, ҷиҳати кӯмаку дастгирии шахсони гирифтори касалиҳои рӯҳӣ дастур диҳед, зеро онҳо ба дастгирии Шумо бениҳоят ниёзманданд.

Бо камоли эҳтиром,
Сангалӣ Раҳимов,
Устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!