Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:44

Президент: Назари қонунгузорон дар бораи буҷаи соли 2012 мухталиф аст

8 июл 2011, 05:41

Пешвоёни аҳзоби сиёсии ИМА тасмим гирифтаанд дар бораи ҳалли масоили марбут ба буҷаи ин кишвар бе танаффус ва рӯзи истироҳат кор кунанд.


Ин нуктаро президенти Амрико, Борак Ҳусейн Обама пас аз иштирок дар ҷаласаи Конгресс иброз доштааст. Бино ба қавли ӯ, қонунгузорони  Амрико дар масъалаи буҷаи давлатӣ ба созиш нарасиданд ва тасмим гирифтанд, барои ҷилавгирӣ аз дефолти қарз музокиротро дар рӯзҳои охири ҳафта идома диҳанд. Президент гуфт, назари демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар бисёре аз масъалаҳои марбути буҷа аз ҳамдигар хеле дур аст. Вай афзуд, ба хотири мардуми Иёлоти Муттаҳида тарафҳо бояд иқдоми дуруст кунанд.
Гуфта мешавад, Обама ва сарони Конгресс ҳадаф доранд, ба коҳиши 3 ё 4 триллион доллар дар буҷа даст ёбанд. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло касри буҷаи Иёлоти Муттаҳида ҳудуди 1 миллиарду 500 миллион долларро дар бар мегирад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!