Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:02

Тоҷикистон мубориза бо тамокуро тақвият мебахшад

17 апрел 2013, 11:32

Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамокуро қабул кард.

Саида Ҷобирова, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, зимни муаррифии ин лоиҳа дар парлумон гуфт, ки “дар ҳоли ҳозир 174 давлати ҷаҳон ин конвенсияро қабул кардаанд ва Тоҷикистон бояд дар канор намонад.” Ӯ афзуд, дар доираи ин конвенсия тарғиб ва сармоягузорию истеҳсоли тамоку таҳти танзим қарор мегирад ва ин ба кам шудани истифодаи тамоку мусоидат мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қаблан дастур дод, сар аз 1-уми апрели соли равон фурӯш ва истеъмоли тамоку таҳти назорат гирифта шавад. Аз ҷумла раисиҷумҳур хост, носфурӯшӣ дар кишвар бо гирифтани иҷозатномаи мухсус сурат бигирад. Баробари ин аз оғози соли 2011 дар Тоҷикистон қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҳукми иҷро даромад, ки нақзи он аз 40 сомонӣ бештар ҷарима ба дунбол хоҳад дошт.

Тибқи омор ҳамасола дар ҷаҳон 4 миллион нафар аз истеъмоли тамоку ҷон медиҳанд, ки ба таҳқиқи олимон то 2030 ин нишондод ба 10 миллион дар як сол мерасад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!