Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:16

Эътирозгарони шаҳри Ваҳдатро “аз ғалбер мегузаронанд”

18 апрел 2013, 10:38

Мақомоти умури дохилии шаҳри Ваҳдат тоҷиронеро, ки рӯзи даҳуми апрел даст ба тазоҳурот зада буданд, мавриди бозпурсӣ қарор додааст.

Тоҷирон мегӯянд, мақомоти пулис онҳоро барои ташкили эътирозу шӯрандозӣ муттаҳам карда, аз онҳо иллати зидди давлат сухан гуфтанашонро пурсидаанд.

Тоҷирон дар ҷавоб гуфтаанд, онҳо на зидди давлату сиёсат, балки алайҳи ташкили бозори шахсӣ ва кӯчондани иҷбории тоҷирон сухан гуфтаанд. Рӯзи чоршанбеи даҳуми апрел беш аз сад тоҷири бозори марказии шаҳри Ваҳдат ба нишони эътироз дар назди дарвозаи бозор гирди ҳам омада, аз мақомот хостанд, ба мушкили онҳо расидагӣ шавад.

Тавре ҷамъомадагон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буданд, норозигии асосии онҳо ба талаботи ҳукумати маҳаллист, ки мехоҳад, тоҷиронро аз ҷойи корашон ба бозори нави шахсӣ кӯчонад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи тоҷирон бозори марказии Ваҳдатро онҳо бо пули худ обод кардаанд ва ҳар моҳе пули андозро саривақт месупориданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Якасак

  • 18 апрел 2013 14:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин! Ахсант бар ононе, ки аз хаки худ дифоъ мекунанд!
Посух додан
  • Карим

  • 18 апрел 2013 18:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи митингчиёни нохияи Восеъро касе напурсид, ки барои чи митинг карданд, вале Вахдатихоро ба милиса мекашаншд??????????????????????? маълум аст, хамаи милисахо аз хамон тараф!!!!!!!!!!!! хукумат хам!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
браво http://www.ozodagon.tj гап нест хаминхели чизора бачо накада партофе ки халк бина рахмати калон

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!