Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43

Убайдуллоев ба сокини 82-солаи пойтахт хона дод

18 апрел 2013, 16:28

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои варзишии пойтахт ба Зайдуло Мирови 82-сола хонаи якҳуҷрагӣ дод.

Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Миров аз ҷумлаи иштирокчиёни фаъоли ҳамаи Ниммарафонҳои байналмилалии шаҳри Душанбе аст ва дар остонаи 21-уми апрел, Рӯзи пойтат ва баргузории чорумин ниммарафон, Убайдуллоев қарор кардааст, хидматҳои ӯро бо тақдими хонае дар кӯчаи Борбад, 56 –и ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ кунад.

Масъулини ҳукумати Душанбе мегӯянд, Зайдуло Миров новобаста аз синну сол зимни гирифтани туҳфаи шаҳрдорӣ зикр намудааст, ки феълан барои иштирок дар чорумин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе омодагӣ дорад ва кулли ҷавононро ба ин сабқат даъват менамояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Комати хамгаштаи пирон нишони марг нест.Як камон сад тирро пинхон бар хок мекунад"Чавонони азиз.ин кадар ишкамгафси накунеду ба варзиш машгул шавед."Хар он кас,ки ба варзиш аст ёвар.ба мехнат хам шавад у шухратовар"Аз бобои Зайдулло ибрат гиред.Монед оши паловхуриву ташкилихурихои бетартибу бериояро.Ба варзиш сидкан мащгул шавед.Шахси варзиширо хатто дар кайхон хам хурмат мекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кори окилона вале чи мешуд агар хамин хокимони даври мо барои устод БОЗОР СОБИРхам як манзилгох чудо мекарданд наход чунин кас сазовори манзиле дар ватанаш набошад баъди камтар бисер афсус хохем хурд вовайлои пинхони..........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ворухи!Магар шоир Бозор Собир дар Душанбе манзил надошт?.Бозор Собир шоири хуб аст,вале эркаву аз Точикистон дур буданро ихтиёр кардааст.Озодии инсон ва демократия ана хамин тавр аст.Ба гуфти шоир Точикистоне,ки имруз пойтахташ буи деха мекунаду мардонаш серришу фашу занхояш сатрпуш гаштаанд,ба у намефоридааст.Мархамат карда бигуед,ки барои ки зиндаги дар Точикистон бештару хубтар аст?.Шоир агар дилаш барои Точикистону точикон месухт,омада.дар ягон мактаби деха ба чавонону духтарони мактабхон дарс мегуфт.Ё.аккаллан дар ДДМТ устоди мекард.Рузи хамаи рузноманигору шоиру нависандаву эчодкор дар хамин Точикистон гузашта истодааст.Чавонмардону мардони точике хастанд,ки дахсолахо дар мухочирати корианд.Занхову духтарони Точикистон дар мухочирати мехнатианд.Имсол Бозор Собир 75-сола мешаванд.Бигузор он кас фикри баргаштан, ё барнагаштанро ба Точикистон худаш намояд.Хеч кас рохи бозгашт ба Точикистонро барои шоир набастааст.Холо хам Бозор Собир барнову бардам метобад.Чанд руз пеш устоди ДДМТ,худорахматии Пайвандшо Гулмуродзодаро ба хок супоридем,ки синнаш ба акнун ба 57-солаги расида буд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!