Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 24 май 2017, 03:22

Ободон ҳоло ҳам месӯзад, амалиёти вижа идома дорад

8 июл 2011, 09:09

Оташсӯзӣ дар як амбори муҳимот дар шаҳри Ободони Туркманистон бойиси таркиши шадид гашт.


Дар ин бора хабаргузории «Хроника Туркменистана»  иттилоъ медиҳад. Расона менависад, «инфиҷори сахт дар як захирагоҳи силоҳи шаҳр   Туркманистон боиси  кушта шудани одамон ва хисороти зиёди молӣ шудааст. Ин таркиш ва оташсӯзӣ баъд аз зӯҳри 7-уми июл, соати 16-00 ба вақти Ашқобод ба қайд гирифта шуд».Маврид ба ёдоварист, Ободон дар 18-20 километрии ғарбу шарқи пойтахти Туркманистон мавқеъ дорад.
Дар ҳоли ҳозир убуру мурури одамон ва ҳам тамоми намуди нақлиёт ба шаҳри Ободон масдуд гардида, дар маҳалли офат кормандони ниҳодҳои амниятӣ, пулис ва изтирорӣ фаъолият мебаранд. Бино ба хабарҳо,  таркиш манзилҳои воқеъ дар ҳамсоямаҳалҳоро низ осеб расондааст. Дар бораи қурбониён ва хисороти молӣ ҳанӯз чизе мушаххас нашудааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!