Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

Мизони худкушӣ дар Тоҷикистон камтарин дар минтақа аст

19 апрел 2013, 12:04

Мизони худкушӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар ба назар мерасад.

Дар гузориши Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ки зери унвони “Афзоиши ҷануб” чанде қабл мунташир гардид, омадааст, ки дар давоми солҳои 2010 ва 2011 дар Тоҷикистон сари 100 ҳазор сокини калонсоли кишвар 5,2 ҳолати худкушӣ қайд шудааст, ки аз ин нишондод 2,9 ҳолат миёни мардон ва 2,3 ҳолат миёни занон мебошад.

Дар ин гузориш мизони худкушӣ аз ҳама бештар дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст, ки сари 100 ҳазор сокини калонсол 52,3 ҳолат рост меояд.

Ёдрас менамоем, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар нишондоди рушди инсон дар соли 2012 мақоми 125-ро касб намуда буданд, ки ин нишондод нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хеле поин мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!