Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:49

Маркази исломӣ алайҳи вуруд ва истифодаи “арӯсакони сунъӣ” фатво дод

19 апрел 2013, 12:46

Шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон истифода аз занҳои маснӯиро барои мардони мусалмони ин кишвар ҳаром дониста ва вуруди онҳоро барои ҷомеа зиёновар хонд.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ, рӯзи ҷумъаи 19-уми апрел ба “Озодагон” гуфт, дар бораи эҳтимоли вуруди занҳои маснӯӣ ба Тоҷикистон аз расонаҳо огоҳ шуда, ҳоло мехоҳанд аз паҳн ва дастраси сокинон гардидани онҳо ҷилавгирӣ намоянд. Ӯ гуфт, “аз дидгоҳи дини мубини Ислом ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дар бораи чунин корҳо таъкидоти зиёде шудааст. Ҳазрати паёмбар дар ҳадиси мубораке фармудаанд, ки “касе бо дасти худ худашро ором мекунад, ӯ малъун аст”. Пас, аз чунин чизҳои маснуӣ истифода кардан низ аз нигоҳи дини мубини Ислом мамнӯъ ва ҳаром мебошад.”

Зеро ба таъкиди ин масъули шӯъбаи фатво, “ҳамаи инҳо хатаре ба саломатӣ доранд ва ҳам насли инсонҳоро ба нестӣ мебаранд.” Мусоҳиби мо афзуд, истифода аз чунин арӯсакони сунъӣ меҳру муҳаббат ва оиладориро низ аз миён хоҳад бурд. Дар ҳоле ки ба таъкид оқои Хомӯшӣ, “оила чизи муқаддас аст. Дар бораи муқаддас будани оила дар Қуръон низ таъкидҳои зиёде рафтааст. Илова бар ин, ин арӯсакон наметавонанд мисли занҳо рафтору гуфтор ва шафқату бӯй дошта бошанд. Ҳамсар ё зан рафиқи зиндагӣ аст ва ба ҳеч ваҷҳ ин арӯсакон ҷойи ҳамсаронро гирифта наметавонанд. Набояд ҷавонон занҳои худро ба чунин чизҳои маснӯӣ баробар ё иваз кунанд.”

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, як масъули шӯъбаи фатвои Маркази исломии ТоҷикистонҶамолиддин Хомӯшӣ, як масъули шӯъбаи фатвои Маркази исломии ТоҷикистонИн масъули шӯъбаи фатво иддаои касонеро, ки гӯиё аз ночорӣ ва ё ба далели ин ки қудрати издивоҷро надоранду аз ин арӯскони сунъӣ истифода мекунанд, нодуруст ва иштибоҳ номид. Вай ба нақл аз фармудаҳои паёмбари ислом гуфт, агар касе наметавонад издивоҷ бикунад ва ё шавҳаташ болост, бояд рӯза бигирад, то оромиш пайдо кунад.

Дар Тоҷикистон истифода аз арӯсакҳои сунъӣ роиҷ нест. Вале бино ба хабари баъзе расонаҳо, як ширкати чинӣ тасмим дорад, ояндаи наздик теъдоди зиёди чунин арӯсакони сунъиро вориди Тоҷикистон кунад. Шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ мегӯяд, то ҳол аз Хадамоти гумрук дар ин бора ба онҳо муроҷиат накардаанд, ки оё вуруди чунин занҳои маснӯӣ аз нигоҳи шариати ислом дуруст аст, ё на.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хурам

  • 19 апрел 2013 17:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саломат бошед бобои мулло, барои маслихати муфид.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз як чихат хуб аст, ки беморихои сирояти камтар мешавад.
Посух додан
  • диловар

  • 19 апрел 2013 22:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э рут сиех жемчужина
Посух додан
  • Бедор

  • 20 апрел 2013 10:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чойи беморихои сироятиро беморихои рухи мегиранд
Посух додан
  • устувор

  • 20 апрел 2013 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э БОРАКАЛЛОХ на конецта бедор шуда истен УЛАМО!!!!!! кош дар масъалаи конунхои зиддиисломи хомуш нанишаста фатво медоден ба хар хол макомот ба фатвои ШУМО гуш намедиханд.Арусаконро ба ЧТ меоранд ШУМО назди халк рафта фахмонед.ки ин кор харом аст
Посух додан
  • Аҳмадчон

  • 20 апрел 2013 13:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародари гироми кадр "устувор" бояд як чизро дарк кард, ки агарчи макомот ба гапи Уламо гуш надода ин моли касифро ба Точикистон ворид созанд. Уламои мо хаки худро дар назди Худованд аз гардан сокит карданд.
Посух додан
  • Абдуллох

  • 20 апрел 2013 15:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар ин тавр бошад, зуд аст, ки домодакхои сунъиро низ меранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
жемчужина,
Баръакс,меафзояд!!! (ин калла ё давоми гардан?!)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
khay domlo hamon kalimai muqadasi guftagiat nodurust ast feelan zanhoro Payombari akram alaihi saslom amr ba ehtiromi onho kardaast ammo in maanoi onro nadorad ki muqadas nomburda shavand

Khitoyda biyo bacha ))))))))))))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
mebakhshed ammo yak chizro pursam
inho ehtimolan bo barq kor menan holo dar mo 6 moh barq nest agar ham hast LIMIT ast. yake dar nimi kor barq khomush shava chitari meshida bosha ? kHay mo ham yak shukhi bo OZODAGON va khonandaho kardem
guzashta az shukhi Domullo bisyor khub farmudand agar inho vorid shavand bunyoni khonavoda nobud meshavad digar huviyati dini va milli nobud meshavad va dar oyanda zindagi hayvoni khohem dosht
PANOH BAR KHUDO
Посух додан
  • Муллои лакаё

  • 23 апрел 2013 14:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Савол ба огои Хомушй: Оё ин кор зиноъ хисоб мешавад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустони Азиз!
Баъд аз нашри маколаи зер аз сомонаи озоди норозигии чанде аз бародарону хохаронро мутолиъа кардам.Гамшарик ба андухи хамаи ононе,ки танхо сарбаланди,поки ва солимии точиконро мехоханд,мисраъе чанд дар хамин замина иншо намудам то каме дарди дил таскин ёбад ва то бошад,ки аз ин падидаи зишт ва номатлуб харчи зудтар пешгири карда шавад.Аммо чанд руз хаст ба гайр аз гузоштани аломати «маъкул» чизи дигареро намебинам.Акнун ба он хулоса омадаам,ки бояд мо номаи кушоде иншо намоем ва ба унвони макомоти дахлдор равона намоем то саривакт аз вуруди ин касофат чилавгири намоем.Мегуянд «охана ба тобаш бояд куфт».Ба ёрии Аллохи пок мо метавонем хамачониба исбот намоем,ки ин амал ба чомеъаи мо зарари билонихоят ворид хохад сохт.
Интизори акидаву афкор ва пешниходхои Шумо!
*********************
Эй туро ки чиниён дилбурданд,
Бо матоъи дуняви бифрефтаанд.
Хам кунун чуфти зиндаги овардаанд,
Ин плостик бахри фиск овардаанд.
То рабояд аввал аз ту мардиги,
Баъд чинои сар кунад зани точикигири.
У хамедонад асливу маснуъиро,
Ту надони фитнаи маъчучиро.
Зери по кун тахту рахти чинро,
«Сар бидех аз каф мадех номусро»
“ Имоммухаммади Самеъзод”

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!