Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:57

Инсоф кунед: Ба мардуми ташналаби Кӯлоб об диҳед

8 июл 2011, 10:02

Тамоми субҳу шому гармии рўз сокинони шаҳри Кўлоб бо хару мошину аробаву пиёда об мекашониданд ва ҳоло низ дар асри бистуяк мисли сокинони кишварҳои африқоӣ машкобӣ мекунанд.



БА шарофати соҳибдавлат шудани тоҷикон ва сари мансаб омадани кадрҳои ба қавли маъруф "таҳҷоӣ" ва "кордон" муддати 18 сол боз  сокинони маҳаллаҳои Корвонгузар, Хати роҳ, маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Кўлоб ва қисмати болоии совхози ба номи С. Назаров ҳар шаб хоби ширин мебинанд. Хоби ширин мебинанд, ки аз пеши дарашон оби зулолу хунук фаровон ҷорӣ аст, хоби ширин мебинанд, ки кўчаву паскўчаву хонаву дари онҳо сабзпўш аст, ниҳолу дарахту гулу бутта ҷони дубора гирифта обдидаву шукуфтаву зебову дилкаш гаштаанд. Хоби фаромўшнашаванда мебинанд, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ занону кўдакони ин маҳаллаҳо аз азоби дузах - аз обкашӣ (!) озод гаштаанд, болотар аз ҳама ба шарофати оби зулоли фаровони равон ин кўдакону тифлакони хушбахти замони истиқлолият ба серӣ сару тани худро мешўянд, либосҳои тозаву озода ҳар рўз ба бар мекунанд, дар пайраҳаи обзадаву тозаву озода рўфташуда по мегузоранд, дигар онҳоро дар пойтахти ҷоноҷон  бинобар офтобхурда шуданашон "кубинетс" намегўянд... Аммо афсўс, сад афсўс, ки ин хоби ширин ҳам, дигар ба чашми сокинони ин маҳал намеояд.
Дар тамоми ҷумҳурӣ сокинони даврони истиқлолият аз доштани автомошинаи сабукрав ифтихор кунанд, дар маҳаллаҳои Корвонгузар ва Хатти роҳи ш. Кўлоб сокинон аз доштани аробаи обкашӣ фахр мекунанд (фарзандони ба номуси дар муҳоҷират буда ба зану фарзанди хеш маблағ мефиристанд, то ин ки онҳо аробаҳои бузурги обкашии бо чархи автомашинаи сабукрав муҷҷаҳҳаз шударо дастрас кунанд, зеро чунин навъи аробаҳо хеле осон ҳаракат мекунанд!), тамоми сокинони қисмати болоии совхози ба номи Назарови ш.Кўлоб, ки дар умри худ харро надида буданд, имрўз тамоми харҳои дар даштҳои Данғара саргардон бударо харида оварда нигоҳубин мекунанд, зеро беҳтарин василаи обкашӣ хар мебошад. Агар дар тамоми ҷумҳурӣ ба наврасони мактабхон илму ҳунари муосири нанотехникӣ биомўзонанд, пас кўдакони маҳаллаҳои Корвонгузар ва Хати роҳи шаҳри Кўлоб касабаи асри нуздаҳ - машкобиро аз худ мекунанд. Бо баробари баланд шудани қурби доллар сокинони маҳаллаи Корвонгузар ва Хати роҳро ғам пахш мекунад, ки нархи зарфҳои бистлитра ва даҳлитра чанд пул боло мерафта бошад. Айни ҳол дилхоҳ кўдаки ин маҳаллаҳо медонанд, ки нархи як мошин оби панҷтонна ҳаштод сомонӣ, нархи зарфи бистлитра 7 сомонӣ, нархи аробаи "пеши пеш"-и обкашӣ 700 сомонӣ мебошад. "Ояндагони пуршарафи миллат" аз саҳар бо талаби падару модар аробаҳои худро гирифта ба маҳаллаи ба номи Б.Ғафуров ва  маҳаллаи Офтобрўя суроғи об мераванд (масофа аз 1 то 2 км), навбат мегиранд, албатта ҳурмату эҳтиром ба ҷо меоранд,  то ин ки аввалан калонсолон - Бобои Санг, Бобои Муқим, Бобои Саттор, Бобои Камол об бигиранд, баъд аз он занону духтарон зарфу сатилҳои худро об пур мекунанд, сипас навбат ба кўдакон мерасад. Аммо, аз сабаби он ки ин оби медодаи ҳукуматдорони "гизала"-и ш. Кўлоб ҳамагӣ чанд соат меояд, ба ин тифлакон об намерасад. Пас ба хона меоянд бо аробаи холӣ! Падару модар онҳоро ҷанг карда дубора ба об равон мекунанд. Ин дафъа кўдакон роҳ пеш мегиранд сўи литсейи тоҷикӣ-туркӣ, агар аз ин ҷо, ки об намёфтанд, мебароянд ба шоҳроҳи Кўлоб - Душанбе (дуруст аст, ки ба тарафи Душанбе неву ҷониби мактаби рақами 53 мераванд). Дар назди ин мактаб обкашҳои нисбатан бадавлат (яъне онҳое, ки бо "опел", "старекс", "тико" об мекашанд) навбат мепоянд. Хулоса, пас аз чанд соат, дар гармии тоқатфарсо як илоҷ карда дар зарфҳо об мегиранду баъдан ин кўдакон арақшорон ба масофаи зиёда аз ду км. рўболо об мекашанд. Гоҳҳо бо завқу шавқ гимнро замзама карда шукри истиқлолияту шаҳрдорону айёми кўдакии хушбахтона мекунанд.
"Як умр барои ободии Ватан беминнат хизмат кардем, умед доштем, ки дар айёми пирӣ, дар сояи давлату ҳукумати миллӣ истироҳат мекунем, аммо дар синни 73 солагӣ рафта бо ҳамроҳии ҳамсолонам Бобои Саттору Бобои Камолу Бобои Муқим бо ароба аз ким-куҷоҳо об мекашем... моро фарзандону пайвандон тавсия мекунанд, ки об накашем, аммо барои таҳорату истеъмол аз куҷо об гирем? Охир мо як умр обу нони бомеҳнат ва беминнат хурдаем. Ҳукуматдорони шаҳр садҳо ҳазор маблағ сарф карда қубур хобонданд, дар телевизион бардурўғ гузориш доданд, ки ба маҳаллаи Корвонгузару Хатти роҳ оби нушокӣ баровардем... Канӣ об? "- мепурсад мўйсафеди 73 сола, Бобои Санг.
Ҳар саҳар тамоми сол тобистону зимистон аҳолии маҳаллаҳои зикршуда об мекашанд, барои истеъмол, барои хурокпазӣ, барои либосшўи, барои ҳайвоноти хонагӣ, барои риояи гигиена... Дар ин маҳалаҳо зиёда аз 200 хоҷагӣ бе оби ошомиданӣ зиндагӣ мекунанд, дар ҳар яке аз ин ҳоҷагӣ агар ба ҳисоби миёна даҳ нафар зиндагӣ кунанд, пас 2000 одам ва ё аз ин зиёду кам муҳтоҷи об ҳастанд. Ҳар нафаре ба ин суханон бовар надошта бошад, метавонад, субҳгоҳон дар маҳаллаи Б.Ғафуров мисли командирҳо дурбин гирифта назора кунад, ки чӣ тавр лашкари ташналаб  савори хару ароба бо баклашкаву, зарфҳои пластмасии бистлитра барои об ҳуҷум мекунанд (хайрият дар ин маҳалла қубури обгузар сурох шудаасту одамон аз он об мегиранд!).  Ҳуҷуми ин обталабонро дида мухлисони дуруғини душанбегии дастаи футболи Равшан  маҳаллаи 46 ва бозори Саховатро нимнигоҳ ҳам накарда, рў ба гурез меоранд...
Дар даҳсолаи охир Р. Амиров , Б. Муродов, А. Зардиев ҳамчун раиси ш. Кўлоб омаданду ваъдаи об доданду хайру хуш накарда баромада рафтанд. Имрўз низ мардум ба умед ҳастанд, ки Ҳ. Абдуллоев ба маҳаллаи як замон ободи "фурўдгоҳи кўҳна" об мебарорад. Аҷиб аст, ки чор раиси шаҳр иваз шуду муовини раиси шаҳр ҳамоно Зариф Пирмад  боқӣ монд, ки монд. Дар ин муддат ҳеҷбудагон ҳар кӣ шуданд, якто доштагиҳо соҳиби дуто шуданд, аммо сокинони маҳаллаҳои Корвонгузару Хати роҳ камоб буданд, беоб шуданд, нимобод буданд, харобзор шуданд. Худо накунад, дар ин маҳаллаҳо касе бимирад, он гоҳ аввалин коре ки ҳамсояҳо мекунанд, суроғ ва кирояи мошинаи об мебошад. Сокинони ин маҳаллаҳо чӣ тавр парвариш кардани пиёзу гашничу райҳону шибит, ҳинову усмаву гули садбаргро кайҳо фаромўш кардаанд, тирамоҳи сард рў ба раҳми худову умед ба зимистони сербарф даҳ-бист кило картошка мешинонаду баҳор чор-панҷ кило ҳосил мегиранд, куҷо расад ба гирифтани ҳосили дуввуму сеюм ва захираи дусолаи хурокворӣ! Зиёда аз даҳ сол боз ба ин мардум ваъда доданду ваъда доданду ваъда. Ҳатто духтарони ишқфурўш ин қадар ваъдабозиро, ки ҳукуматдорони шаҳри Кўлоб нисбати сокинони ин кўчаҳо кардаанд, намедиҳанд.

Р.S. Хоҳиш мекунам на раиси шаҳр, на Пирмад Зариф, на Суҳробшои Фаррухшо на каси дигар, ба ин навишта ҷавоб нанависанд, худро сафед накунанд, ваъда надиҳанд, балки сокинони аз ташналабӣ сўхтаи шаҳри Кўлобро бо об таъмин кунанд! Аз куҷо меоранд, кай меоранд, бо чӣ меоранд дарди сари онҳост. На аз ман ва на аз сокинони маҳаллаҳои зикршуда. Роҳбар ҳастед раиятро бо об таъмин кунед, наметавонед ҷойро холӣ кунед, мўҳтарам ҳукуматдорони шаҳри Кўлоб!  Тавре ки мушоҳидаҳо нишон доданд аз 27 июн то 4 июл на танҳо дар маҳаллаҳои зикршуда, балки дар дигар қисматҳои сеюмин шаҳри калонтарини мамлакат оби равон набуд, ки набуд, ҳатто рўзи шанбеи 2 июли соли равон дар бинои ҳукумати шаҳр низ, дар ҳоҷатхонаи ифлос сатили бузурги пластмасии сурх то нима об дошт, ҷумакҳои хати об хушк буданд. Тамоми субҳу шому гармии рўз сокинони шаҳри Кўлоб бо хару мошину аробаву пиёда об мекашониданд ва ҳоло низ дар асри бистуяк мисли сокинони кишварҳои африқоӣ машкобӣ мекунанд.
Акрами Санг
{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!