Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:02

ҲХДТ сиёсӣ арзёбӣ шудани латту кӯби М.Ҳайитро “шитобзадагӣ” хонд

20 апрел 2013, 10:35

Масъулони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) сиёсӣ будани латту кӯби муовини раиси ҲНИТ-ро “хулосаи саросемавор” хонданд.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ, ба “Озодагон” гуфт, ин қазияро бояд мақомоти интизомӣ баррасӣ кардаву муайян созанд, ки он то куҷо ба фаъолиятҳои шахсӣ ё сиёсии Муҳаммадалии Ҳайит рабт дорад.

“Ин қазия ба маъракаи интихоботи президентӣ ҳеҷ рабте надорад. Зеро то ин маъракаи сиёсӣ ҳоло вақти тӯлоние дар пеш аст ва ман низ фикр намекунам, ки ин қазия ба ингуна чизҳо рабт дошта бошад”,-афзуд Усмон Солеҳ.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шоми 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили истиқоматияш дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Оқои Ҳайит ҳоло дар бемористони Қарияи Болост ва ҲНИТ ҳам барои баррасии ин қазия Шӯрои сиёсиро даъват кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Билол

  • 20 апрел 2013 15:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Mантики фаъолияти шумо зур ва шиканча ба хамватанони худатон аст. Ба таслият гуфтан боз шарм надошта ин казия сиёси нест мегуя. Бале сиёси нест,зеро шумо худатон бо сиёсат не бо хушунат сарукор доред.
Посух додан
  • Шухрат

  • 20 апрел 2013 17:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Усмон Солех акалан як каме одамгариро аз даст надода арзи тасаллият мекарди. Ба хамватанат аз худо шифо мехостиву баъд ба сиёси набуданаш ишора мекарди шояд бовар кунем, буд, ки ин казия сиёси нест.
Посух додан
  • Тахлилгар

  • 20 апрел 2013 18:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Усмон Солех хар харфе ки шумо мегуед аз гараз холи нест. Ё шумо мегуед ки он бадхохон Хайитро нашинохта иштибох кардиянд. Бо устод Хайит хеч кас дар дигар масала душман шида наметавонад магар дар масалаи сиёси!!!
Посух додан
  • Тахлилгар

  • 20 апрел 2013 18:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
http://www.ozodagon.com/9656-talilgari-toik-muammadalii-ayitro-baroi-muborizaoi-

siesiyash-zadaand.html

Усмон Солех ба инхо хам шак дори!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!