Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:12

"Ба хотири дӯстӣ бо Эрон, Садои Хуросонро пурра қатъ накардем"

22 апрел 2013, 10:40

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон далели манъи фаъолияти хабарнигорони радиои Садои Хуросон (Эрон)-ро дар Душанбе шарҳ дод.

Абдулфайз Атоев
, сардори Раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати умури хориҷӣ, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, танҳо ба далели дӯстӣ ва ҳамкориҳои муштарак бо Эрон, радиои ин кишвар, Садои Хуросонро ҳамагӣ ба муддати 3 моҳ аз фаъолият маҳрум кардаанд. Дар ҳоле ки ба таъкиди Атоев, қонунҳои Тоҷикистон иҷоза медиҳанд, фаъолияти як расонаи хориҷӣ барои риоя накардани меъёр, яъне пахши иттилооти беасос масдуд шавад. "Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бар ин аст, ки масъулини Садои Хуросон пеш аз пахши хабар бояд онро дақиқ мекарданд",-афзуд ӯ.

Ин иқдоми Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъд аз он сурат гирифт, ки 15-уми апрел бисёре аз расонаҳо бо такя ба гуфтугӯи Садои Хуросон бо Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲУСДТ, навиштанд, Чин аз хатти марзи муайншуда бештар вориди хоки Тоҷикистон шудааст. Иттилое, ки баъдан ҳам аз сӯи Раҳматуллоҳ Зоиров ва ҳам Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рад шуд. Оқои Зоиров гуфт, ин сӯҳбати ӯ бо Садои Хуросон як соли пеш сурат гирифта буд ва намедонад чаро имрӯз хабарсоз шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
райс кори хуб крдед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ГЭС-и Сангтуда-2-ро хам катъ кунед. Накбхои Эрон сохтагиро хам.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!