Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:53

Ҷаримаи бештар барои нақзи қоидаи будубош дар Қирғизистон

22 апрел 2013, 11:25

Қирғизистон мехоҳад, шаҳрвандони хориҷиро, ки даст ба қонуншикании тартиботи будубош дар қаламрави ин кишвар мезананд, 5 бор зиёдтар ҷарима кунад.

Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз парлумони ин кишвар хостааст, бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ барои қонуншикании тартиботи будубош ба шаҳрвандони хориҷӣ 5 бор зиёдтар ҷарима муайян намояд.

Гуфта мешавад, дар сурати қабул гардидани ин пешниҳоди Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз ҷониби парлумон, шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаи будубош дар қаламрави ин кишварро нақз мекунанд, ба андозаи аз 10 то 20 ҳазор сом (аз 225 то 450 доллар) ҷарима карда мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ҳоло шаҳрвандони хоричӣ барои қонуншикании тартиботи буду бош дар Қирғизистон ба маблағи аз 2 то 4 ҳазор сом, муодили аз 40 то 80 доллар ҷарима месупоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!