Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:10

10 000 $ ҷоизаи ҲНИТ барои ошкор кардани омилони латту кӯби М.Ҳайит

22 апрел 2013, 12:37

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), гуфт, ҳизбаш омодааст барои онҳое, ки омилони зарбу шатми Муҳаммадалии Ҳайитро ошкор мекунанд, ба унвони ҷоиза 10 ҳазор доллар бидиҳад. “Вақте яке аз хеши наздики раисиҷумҳур кушта шуд, мақомот барои ошкор кардани он ҷоизаи пулӣ эълон карданд. Баъд аз он дарҳол ин ҷиноят ошкор гардид”,-гуфт ӯ.

Оқои Кабирӣ, ки рӯзи 22-юми апрел дар як нишасти хабарӣ дар қароргоҳи ҲНИТ сӯҳбат мекард, ҳамла ба Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ин ҳизбро маҳкум кард. Ӯ гуфт, бояд ба ин қазия Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ ба ҳайси раҳбари як ҳизби сиёсӣ (ҲХДТ) дахл кунад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон ҳамчунин гуфт, дар посух ба фишорҳову таъқибҳо шитобкорӣ нахоҳанд кард. Чаро ки ба қавли ӯ, аксарият мунтазири амалкарди тунди ин ҳизбанд, то аз ин фурсат иғво барангехтаву фитна эҷод кунанд. “Мо ба самъи онҳо мерасонем, ки ҲНИТ сабри хеле зиёд дорад, вақте гап сари амнияти миллату давлат меравад”,-гуфт Кабирӣ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Алиҷон

  • 22 апрел 2013 12:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Омили асли ин воқеъа ба сароҳат мегуям афроди худи ҳизби ҳоким аст чун намехоҳад мақому мансарбро аз даст бидиҳиад чун дар баробари ҲНИТ камовардестай мехоҳад аз тариқи таъқиб ва таҳқир ва аз ин равиш пеши ҲНИТ-ро бигирад аммо иштибоҳ кардестай

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!