Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:02

Шокирҷони Ҳаким: Латту кӯби Ҳайит бар зарари президент аст

22 апрел 2013, 17:59

Дар пасманзари ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз минбарҳои баланди Аврупо оид ба интихоботи шаффофу демократӣ латту кӯб шудани Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ба манфиати президент нест. Ин нуктаро дар суҳбат бо “Озодагон” Шокирҷони Ҳаким, ноиби раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, изҳор дошт.

Ӯ мегӯяд, ин амалро нисбат ба Муҳаммадалии Ҳайит онҳое раво дидаанд, ки ба моҳияти суханронии раисиҷумҳур Эмомали Раҳмон дар Аврупо сарфаҳм нарафтаанд: “Ё ҳамин тавр хостанд, нишон диҳанд ки дар ҳақиқат баргузории интихоботи одилона, ки онро президент зимни сафари худ ба Аврупо ваъда дода буд, ба манфиати доираҳои муайян нест.”

Ҳамзамон мусоҳиби мо таъкид намуд ки таҳдиду шиканҷа ҳамчун шакли маҳдуд кардани фаъолияти сиёсии шаҳрвандон истифода мешавад, ки равандҳои демократиро дар кишвар халалдор менамояд: “Аз таҷрибаи кишварҳои ғайридемократӣ бармеояд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ метавонанд ба ҳамин гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ даст зада, дастури гуруҳҳои алоҳидаро иҷро кунанд. То имрӯз боре нашудааст, ки шахсияти ҷинояткорро муқаррар карда бошанд, аммо гумон мекунам, агар Худо накунаду чунин амалро нисбат ба яке аз муовинхои раиси ҲХДТ раво бинанд, ба назарам, дар Тоҷикистон вазъияти фавкулода эълон мекарданд.”

Дар ҳамин ҳол, Шокирҷони Ҳаким зарур медонад, ки президент мавқеи худро дар робита ба ин қазия муайян карда, рафти тафтишотро таҳти назорати худ гирад. Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, шаби 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили зисташ дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ahmad

  • 23 апрел 2013 07:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
agar ziraki kunad prezidenti tjk ba obu ru bas mekunad
Посух додан
  • Ошно

  • 23 апрел 2013 14:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шокирчон аз вохимаат намондй-да. Барои хамин доктор шуда холо хам як кори дуруст надорй. Вакте ки беасос гап мезанй ва дастовардхои чумхуриро эътироф намекунй гайри хамон чор-панч аъзои соц-демократ дигарон эътирофат намекунанд. Умра бехуда нагузарон...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!