Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:06

Хитоиҳо гӯшти гов гуфта, гӯшти хук мефурӯшанд

23 апрел 2013, 11:05

Як масъули ширкати “Маҳсулоти Ҳалол” дар Қазоқистон аз он нигаронӣ карда, ки чиниҳо гӯшти хукро ба унвони гӯшти гов ба Қазоқистон ворид месозанд. Гулҷазира Нуралбоева ба хабаргузориҳои Қазоқистон гуфтааст, инҳо гӯшти хуке ҳастанд, ки дар таркибашон химикатҳои зиёди зараровар низ доранд.

Ӯ мегӯяд, чиниҳо гӯшти нармкардаи хукро бо оби гӯшти гов якҷоя намуда, ду соат нигоҳ медоранд ва баъд ба хориҷа мефиристанд. “Ин навъи гӯштро на аз рӯи рангу на аз рӯи бӯй аз гӯшти гови аслӣ фарқ кардан мушкил аст. Инро танҳо ташхиси лабораторӣ метавонад муайян созад. Ин навъи “гӯшт”-ро бештар дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо истифода мекунанд ва махсусан дар он ошхонаҳое, ки онҷо гӯшт бо нархи арзонтар фурӯхта мешавад”,-гуфтааст Нуралбоева.

Ин масъули ширкати «Маҳсулоти Ҳалол» дар Қазоқистон афзудааст, “ин ҳолати ягона нест. Аз Хитой боз тухмҳое меоранд, ки дар он ҳеҷ заррае аз тухми аслӣ вуҷуд надорад ва дар даруни зардии он равғани хук ворид мекунанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сагера аз Интернат

  • 23 апрел 2013 16:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар имруз Казокистон гирифта бошад. Аз этимол дур нест ки ба мо низ оранд. мухтарам сохибкорони точик вуруди гуштро манъ кунед аз Хитой! Ин кадар чизои пастсифати ин мамлакатро истеъмол мекунем бас аст. Ин хатари бузуг аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!