Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

ЛДПР маъзарат хост, ё Жириновскийро “сафед” кард?

24 апрел 2013, 08:52

Владимир Овсянников, муовини аввали Ҳизби либерал демократии Русия, (ЛДПР) гуфтааст, роҳбарашон Владимир Жириновский қасдан ба иззати нафси халқи тоҷик ва роҳбарияти Тоҷикистон нарасидааст.

Овсянников дар паи нотаи эътирозии Вазорати умури хориҷии хориҷии Тоҷикистон, ки 23-юми апрел ба сафири Русия дар Душанбе, Юрий Попов супорида шуд, изҳороти Жириновскийро шарҳ дода гуфтааст, “суханони Жириновский дар шакле баён шуданд, ки метавонанд намояндагони Тоҷикистонро озурда кунанд. Бо вуҷуд Владимир Волфович қасдан мақсади озурдани сокинону роҳбарияти Тоҷикистонро надошт. Ӯ дар ҷӯши баҳс суханонашро дар шакли ғайридипломатӣ гуфтааст, вале дар асл Жириновский гуфтанӣ буд, ки мухолифи вуруди муҳоҷирин бе раводид ва шиносномаи хориҷӣ аст.”

Овсянников таъкид кардааст, ки Ҳизби либерал-демократҳои Русия ҳам алайҳи муҳоҷирони бе раводиду шиносномаи хориҷӣ аст: “Ин мояи нигаронӣ аст, вақте муҳоҷирон ба Русия беморӣ меоранд ва қаторҳояшон бемонеа рафтуомад доранд.”

Ахиран Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Владимир Жириновский дар бораи муҳоҷирони тоҷик ва раҳбари Тоҷикистон дар барномаи “Поединок”-ро зикр карда, онро натанҳо таҳқири роҳбари ҷумҳурӣ, балки таҳқири миллати тоҷик унвон кардааст. “Суханҳои таҳқиромези Жириновский, ки элитаи сиёсии Россияро муаррифӣ менамояд, ба рӯҳияи дӯстию анъанавии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ намебошад”,- гуфта шудааст дар ин номаи эътирозӣ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!