Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

"Тоҷикистони нав": Баъд аз як моҳ ба Вазорати адлия меравем

24 апрел 2013, 10:38

Нахустин Анҷумани ҳизби тозатаъсиси Тоҷикистони нав 26–уми майи соли ҷорӣ баргузор ва баъд аз он асноди расмӣ барои сабтином ба Вазорати адлия пешниҳод хоҳад шуд. Дар ин бора ба “Озодагон” аз гуруҳи муассисони ҳизби мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, “дар ин анҷуман барнома ва оинномаҳои ҳизб тасдиқ ва ҳуҷҷатҳои лозим барои қайди расмӣ ба Вазорати адлия ирсол мегардад.”

Дар бораи таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав авоили моҳи апрели соли ҷорӣ хабар расид. Гуруҳи ташаббускори ҳизб аз Шавкат Бозоров, Абдулғанӣ Маҳмадазимов, Маҳмудҷон Қосимов, Ҷамшед Ҳафизов, Мавҷуда Соҳибназарова ва Бахтиёр Баҳодуров иборатанд ва дар раъси онҳо Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои Ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар эъломияи ҳизби Тоҷикистони нав, ки шашуми апрел эълом шуд, омадааст “ҷомеаро ноумедӣ ба ояндаи беҳтар фаро гирифта истодааст. Нерӯи қобили меҳнат ва ақлонӣ торафт кишварро тарк мекунад ва умуман муҳити имрӯзаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба як паёми нав, идеяи нав, рӯҳияи нав, қадами нав, ташаббуси нав ва ташаккули нав ниёз дорад. Мо талош мекунем, ки нерӯ, зеҳн, тахассус ва талошҳоямон барои ободии кишвар ва ба ҳамин самт равон сохтани нерӯҳои созандаи ҷомеа сарф гардад.”

Дар сурати сабтиноми Тоҷикистони нав он нуҳумин ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!