Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:02

Ниҳояти баҳси вакилон: “Пули миллӣ” мегӯему “асъори хориҷӣ”

24 апрел 2013, 11:40

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, 24-уми апрел тарҳи қонун “Дар бораи танзим ва назорати асъор”-ро ба тасвиб расонданд. Ин тарҳ ҳафтаи гузашта ба далели рӯ задани баҳс дар бораи ибораҳои пули милливу асъори хориҷӣ ба таъхир гузошта шуда буд.

Рӯзи чаҳоршанбе ваиклон ба ин натиҷа расиданд, ки ибораи пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар қонун боқӣ бимонад. Зеро ба гуфтаи Исмоил Талбаков, намоянда аз Ҳизби коммунист, ки ин тарҳро муаррифӣ мекард, то кунун истифодаи ин ибораҳо дар Тоҷикистон маъмул аст.

Дар ҳоле ки ҳафтаи гузашта оқои Талбаков пешниҳод карда буд, ки ибораи пули миллӣ аз миён бардошта шуда, ба ҷои он ибораи “асъори миллӣ” ва “асъори хориҷӣ” ба кор бурда шавад. Аммо Мирган Шаҳбозов гуфт, “миллӣ” дар ин ибораҳо зиёдатӣ буда, танҳо вожаи “асъор” кофист, ки “мо тамоми навъи пул, ҳам пули миллӣ ва ҳам пули хориҷиро бифаҳмем”.

Муҳиддин Кабирӣ,
вакил аз Ҳизби наҳзати исломӣ, низ ба ин баҳс пайваста, вале гуфт, набояд “мо сари вожаи пул ва асъор ин қадар баҳс кунем”. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, асъор калимаи арабӣ буда, маънояш ҳам нарх аст. “Барои ҳамин, беҳтар мебуд, пули миллӣ ва пули хориҷӣ бигӯем”,-таъкид кард Кабирӣ.

Дар ниҳоят вакилони парлумон ба натиҷае расидаанд, ки дар мавриди сомонӣ ибораи “пули миллӣ”-ро истифода кунанд ва нисбати дигар “асъори хориҷӣ” –ро кор фармоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • loIL

  • 24 апрел 2013 12:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ПАЙСА , ЛОЙ, БАЙЛАМ, СУМ, ДЕНГИ, ВАШИНГТОН, САВЗАКО, СООФ КАЛИМОИ ДЕВОНШАЙ ПУЛИ МИЛИ АСЪОР ХАЙ МЕШАВУ НЕКИ ЛОЙ ТЕНЧАЙ ЛОЙ БГЕМ ХУТАРЙ ЛОЁЧОН ВРАКШ БЗА ЛОЯ МЕГАН

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!