Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Кабирӣ хост, роҳи мухолифон ба ТВ-ҳои Тоҷикистон боз шавад

24 апрел 2013, 12:45

Бархе аз намояндагони аҳзоби мухолиф дар парлумон аз он норизоӣ карданд, ки телевизонҳои давлатии Тоҷикистон аз намоиш ва пахши суҳбату суханрониҳояшон худдорӣ мекунанд. Ин ҳарфҳо дар ҷараёни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни "Телевизион ва радиошунавонӣ", ки аз сӯи Сайидалии Сиддиқ, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, муаррифӣ мешуд, дар Маҷлиси Намояндагон садо доданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон, гуфт, онҳо вакили мардумиянд ва ҳақ доранд, ки аз тариқи телевизионҳои давлатӣ сӯҳбат кунанд ва ё дар барномаҳои он ширкат намоянд. Ӯ дар хитоб ба Сайидалии Сиддиқ таъкид кард, ки тӯли ҳашт соли боз вакили парлумон асту боре ҳам нашудааст, ки суханронии ӯро аз тариқи ТВ-ҳои Тоҷикистон пахш карда бошанд.

“Дар тамоми кишварҳои дунё мизи гирд бо ҳузури намояндагони аҳзоб доир мешавад. Дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ аст, ки панҷтои он дар парлумон намоянда доранд. Ташкили чунин мизи гирдҳо ба манфиат мебуд. Бояд мардум бидонанд, ки дар баъзе масъалаҳо ҳизбҳо бо ҳам иттифоқи назар доранд, на ихтилоф”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз дастрасӣ надоштани сокинони навоҳии наздимарзӣ дар Хатлону Суғд ба шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон шикоят кард. Дар посух Сайидалии Сиддиқ гуфт, бино ба иттилое, ки онҳо доранд, ҳоло шабакаҳои ТВ Тоҷикистон 99,7 дарсад аз минтақаҳои кишварро фаро мегиранд.

Дар акс: Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!