Вазорати нақлиёт: Саҳми “Тоҷик Эйр” дар бозор коҳиш ёфтааст
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, саҳми ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» дар бозори мусофиркашонии кишвар коҳиш ёфтааст.
Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар семоҳаи аввали соли равон ин ширкат 540 парвози ҷуфт анҷом дода, 93 ҳазору 891 мусофирро интиқол додааст. Ҳаҷми интиқоли бор низ аз ҷониби ин ширкат наздики 20 дарсад афзоиш ёфтааст.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ ҳиссаи «Тоҷик Эйр» дар бозори мусофиркашонии ҳавоии кишвар дар семоҳаи аввали соли 2013 19,8%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 % паст шуд.
Вазорати нақлиёт мегӯяд, давоми моҳҳои январ-марти соли равон дар ширкат 319 ҳодисаи ба таъхир афтодани парвозҳо ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол ахиран Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти ҷамъбасти фаъолияти семоҳа ҳушдор дод, ки агар камбудиҳои ҷойдошта дар бахши ҳавоии кишвар бартараф нагарданд, имкон дорад ҳавонавардии тоҷик ба рӯйхати сиёҳи байналмилалӣ ворид гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |